Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дуртар, дуртар аз мардум, назди дари ошхонаи дару девораш сиёҳ Сабзина ду чашм ҷониби Ниёз меистад, қарси сафед дорад, дастон ба банди дилаш пахш карда, чизе мегўяд; лабонаш меҷунбанд, вале садояш намеояд. Ниёз бисёр мехоҳад, ки донад, Сабзина чӣ мегўяд. Ў бори дигар ба Сабзина менигарад, сонӣ ба мардум. Мардум гурўҳ-гурўҳ сарҳоро ба ҳам оварда, миёни худ машварат доранд... Ниёз худро озод дониста як қадам пас монд ва рў тофта ҷониби Сабзина рафт:
«Очат мурад! Омадӣ, чаро хабар памегирӣ?» – пеш омада ва даст ҷониби сари Ниёз ёзонда, аз ду чаккааш дошта, тарафаш кашида ва аз пешонааш бўсида гуфт Сабзина.
«Дар нияташ будам, оча! Корҳоро сомон карда, сони рафтанӣ будам, оча».
«Очаат мурад, худатро эҳтиёт бикун...»
Ниёз ин суханро сахт ба гўш гирифт ва то даме ки дар ҳаёт буд, фаромўш накард...
...Онҳое ки дилу бедилон омада буданд, баргашта рафтанд, вале касоне, ки ҳама умр бо Ниёз будан мехостанд, меҳмонхона, хонаҳо, саҳни ҳавлӣ, таги дарвозахонаро пур карда буданд...
Ниёз волии волости Киштўд интихоб шуд, вале ҷавони бетаҷриба рамузи кор намедонист, нигарони даҳони бобо буд, ки чӣ мефармояд... Вале Ниёз ба кор сар накарда, дар Некон ғалмагале шуд: ба иғвои барлосхои оғилакӣ бешабонон ба хонакобак даромаданд, аз хонаи касе ҳезум ёфта бошанд, ба ҷавобгарӣ кашиданд.
андозу ҷаримаҳо карда, азоб доданӣ шуданд. Ниёз медонист, ки ба бешабонони Кўҳистон ҳуқуқи зиёде дода шудааст ва онҳо аз ҳуқуқашон истифода бурда ҳар кор карданашон мумкин аст. Бешабонон аз волигии Ниёз бохабаранд ва ё бехабар, ба хонаи бобо даромада ҳезумхона, оғилу коҳдонро кофту коб карданд ва яке фармуд, ки коҳро тит карда бинанд; гўё аз рўи маълумот зери коҳи коҳдони Бобои Наврўз ҳезуми зиёде хобидааст. Бобо ҳамон ҳолате ки дошт, назди дари коҳдон такя бар асояш дода рост меистод, ба кобандахо ҳарфе намегуфт. Кобандаҳо на касоне буданд, ки аз ҷониби ҳукумати подшоҳӣ намоянда ҳисоб мешуданд, балки касони таҳҷоӣ, ки дар хидмати бешабонон буданд, бобои Наврўз ҳарфе намегуфт. Кофтанду кофтанд, аз зери коҳ на ҳезум, балки ду чўби болории бурс баромад. Фўкашон ба осмон шуд ва ба акту ҷарима даромаданд. Бобо боз сўи онҳо даст бардошта, боздоштанӣ шуд ва сонӣ ба гап даромад:
— Қарору қонуни шумо аз кадом сол аст? – пурсид ў.
— Аз соли ҳаштоду панҷ, – ҷавоб дод марди зардинамў.
— Имсол соли наваду шаш, лекин ман ин болориҳоро дар кўдакиам оварда будам...

пешина
аз 279
навбатӣ