Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Фарқ надорад, бобо, ёфт шуд, тамом...
— Не, фарқ дорад. Ман нахостам, ки ин чўбҳоро пояи ток кунам. Пояи ток мекардам, чӣ кор мекардед?
— Дар ҳамон ҳолат ҳам мумкин набуд...
— Шумо аз осмон афтидаед?
— Гуфтем-ку, мо ҳам одами хокӣ, лекин вазифа...
— Вазифа? Думатонро қат кунед, беадабҳо, то ҳанўз дар ин хонадон беадабие нашудааст...
— Акнун мешавад, – гуфт зардина.
— Не! Намешавад! – асояшро баланд карда гуфт бобо.– Агар зўрам мерасид, ки он болорҳоро бардорам, бардошта ана ин хел ба фарқатон мезадам, – асои боло бардоштаашро шамшерсифат ронда гуфт бобо.
Онҳо дур рафтанд ва ба якдигар тааҷҷубомез нигариста гуфтанд: «Бобои пир ақлашро хўрдааст».
— Ман ақламро гум накардаам, шумо ақлатонро бохтаед, бесарҳо, авбошҳо! Ман сабр кардам, ки шумо тамизе доред ва дар қатори дигарон хонаи маро ҳам як дида мегузаред... Лекин шумо барои бадном кардани ман ин ҷо омадаед. Чӣ, шумо аввалин бор бобои Наврўзро мебинед, пеш аз ин ўро надидаю нашунида будед ва мехоҳед, ки дар ин пиронсолӣ ўро ба вартаи гуноҳ тела дода, назди худованди карим беимон гардонед?! Беадабҳо! Берўзиҳо!
Ин чӣ корест, ки шумо мекунед?!
Онҳое ки барои ин кор ё мутасаддӣ шуда буданд ва ё аз пеши худ омада буданд, аз рафтори бобо дар ҳайрат монданд; китф дарҳам кашида ё кори кардаи худро сарфаҳм намерафтанд ва ё хаёлашон, ки дуруст рафтор мекунанду бобо мақсади онҳоро намефаҳмад. «Ин корҳо ҳамту намемонад, бобо» – таҳдидомез гуфт марди зардина ва аз дарвоза берун шуд.
— Рост мегўӣ, ҳамту намемонад, чӣ кор ҳаст, ки ҳамту монда бошад? Касе ки дандони касеро шикаста бошад, дандони худаш низ шикастааст... Ту ҳеҷ чизро ҳурмат накардӣ, касеро написандидӣ, амал ба дастат, худро худо пиндоштӣ, вале ба мўи сафеди ман чашмат наафтид? – аз паси онҳо сўи дарвозахона рафта мегуфт бобо.– Хайр, илоҳо аз худо бинӣ! – дуо кард бобо, вале зардина нафахмид, ки дуои хайр буд ва ё дуои шарр. Таккн пои рафт боздошт ва баргашта ба пирамардн ба ҷуз кавшу маҳсӣ дигар ҳама сару либосаш сафед нигарист ва хаёл кард, ки дар тахтапушташ мурғак давид. Дар баданаш ноҷўриеро ҳис кард ва назди додо омада узр пурсидан ва напурсиданашро надониста, сархам аз паси ҳамраҳонаш роҳӣ шуд...– Бетамиз! Хайр, ман ҳеҷ чиз намегўям, худаш раҳим аст, худаш карим аст, худаш саттор аст, худаш ҷаббор аст, худаш қаҳҳор аст, неку бадро фарқ мекунад, хурду калонро медонад, ту надонӣ ҳам, худаш медонад...
Ҳм... Омада-омада бо ман – бо як пири сарсафед калла ба калла мешавӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо