Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гир! Гир ҳамун ду чўбата, ба ман лозим не, ман аз вай хона напўшам, ман оташ гиронда гарм нашавам, чӣ лозим? Гир!..
Лекин ин хел не, ин хел беҳурматона не. Дар дунё аз ин рафторе ки ту кардӣ, бадтар коре нест. Омада мегуфтӣ, ки мўйсафед, ҳамун ду болорӣ ба мо лозим, хона мепўшем, ду болорамон намерасад...
Ман не мегуфтам? Ҳаргиз! Ҳаргиз не намегуфтам, баракс хурсанд мешудам, ки мухими ҳамин одамро буд мекунам, лекин ту чӣ кор кардӣ? Беодобии ногуфтан кардӣ. Медонам, ту гумон кардӣ, ки маи душмани ту ҳастам... Ин айби ту не, ту ба ин чиз сарфаҳм ҳам намеравӣ, ба ту ҳамин хел фаҳмонидаанд. Фаҳмонидаанд, ки як вақтҳо одамон ба гурўҳҳо; ба табақаҳо ва аморатҳо ҷудо шуда ба ҳамдигар душманиҳо, хунрезиҳо мекардаанд ва ҳоло Некони мо ҳам ҳамин хел мешавад... Гуфтаанд, вале дуруст нафаҳмонидаанд.
Нафаҳмонидаанд, ки дар тамоми замонҳо душманӣ ба муқобили бадӣ буд ва некӣ ҳама вақт фирўзӣ дошт... Муаллимат суст будааст, муаллимат нохонда будааст. Ва агар ба муқобили некӣ душманӣ хоҳанд, об дар ҳован мекўбанд; беҳуда, кори беҳуда...– ў асозанон аз хамгашти кўча гузашта, гўё аз паси онҳо кашола шуда мерафт, ба ихтиёри худ не, балки пойҳояш ўро мебурданд, беихтиёр мерафт. – Беҳуда нн деҳаро деҳаи Некон намегўянд, дар ин манзил, дар ин обрав, бадию бадкорӣ набуд, лекин ин одам аз куҷо пайдо шуд? Ҳама медонад, ки Некон гузарҳои зиёде дорад:
гузари кулолиён, дуредгарон, гилкорон... лекин гузари бадон нест.
Ҳамаи касони дар ин манзил буда, ҳунаре доранд ва танҳо барои ободӣ ҳисса мегузоранд... Лекин ўро нафаҳмидам, ки чӣ мехоҳад; он зардинаро нафаҳмидам, ки чӣ мехоҳад. Чаро ин номи некро бад гардонанд? То имрўз касе дар ин сарманзил бадиро раво надидааст, акнун ду-се пойлуч ба ин кор камар бастанианд. Ҳайф, сад ҳайф, ки қонун ба дасти ман не, вагарна қарор мебаровардам, ки бадкоронро забон аз пушти сар кашанд, то ба ҳама панд шуда, касе ёди бадкорӣ накунад...– Пирамард меҷўшид, мисли шири дег медамид, аз худ бурун рафтан мехост, вале асо бар замин зада, бар сангҳои канори роҳ ва деворҳо зада, дами ҳаяҷонашро паст кардан мехост, вале намешуд, ниҳоят ба ғазаб омада буд...
Зардинаву ёронаш аз пастхамиҳои кўча гузашта аз назар дур шуданд, вале ҳаяҷони пирамард паст намешуд. Вай кирдори норавои онҳоро пеши назар оварда ғазаб мекард ва намедонист, ки ғазабашро чӣ гуна фурў нишонад. Ў рў ба кўҳи Ховар овард, мисли хамеша ба ин кўҳи баланд, ки дергоҳ дами офтобро мегирад, рў оварда, ҳама чизро фаромўш карданӣ буд. Ин аз насиҳати падар, ки ҳар гоҳ хафа шавӣ ва ё ба ҳалли ягон масъала дар монӣ, ба ин кўҳи баланд рў оварда, фикру мулоҳиза бикун, мушкилат осон мешавад, гуфта буд. Бобои Наврўз ҳамин тавр мекунад. Ба ин кўҳи баланд рў меорад ва аз нав ҳамаи шудаҳоро такрор мекунад ва хомўш меистад, ки дилаш чӣ мефармояд. Ин нигох барои ў ғайринавбатӣ аст, зеро ў ҳар рўз вақти тулўъ ва вақти ғуруби офтоб ба ин кўҳ менигарад, дар гарданаи он як пардаи нафиси бунафшаранг ва ҳангоми ғуруб сояи шафақро мебинад, вале ҳоло ки офтоб дар миёни осмон аст ва кўҳ ниҳоят тоза метобад, ба назар мерасад, ки баъзе сангҳо офтобро акс мегардонанд ва ҳар як буттаю шахҳои барҷастаи он равшан метобанд.

пешина
аз 279
навбатӣ