Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бобо ниёзе надорад, вале барои чӣ бошад, ки рў ба Ховаркўҳ оварда даст ба дуо мебардорад; агар зардина ин ҳолро бинад, яқин дорад, ки бобо ўро дуои бад мекунад, вале ў баракси ин рафтор мекунад: «Худоё, гуноҳи маро бубахш!» мегўяд. Зеро одаташ ҳамин, дигарон гуноҳ кунанд ҳам, гумон мекунад, ки гунаҳгор худаш аст, «агар ман намебудам, ин воқеа рўй намедод» мегўяд. Ва ҳамин зайл боз як фикр дорад, ки агар Ховаркўҳ намебуд, деҳаи Некон дар оташи офтоб месўхт; гўё кўҳи баланд дар ҳама ҷо ҳимоятгар аст, вале бобои Наврўз фақат гуноҳеро ба миён меоварад, аз ин рў вай ба ин кўҳ баробар шуда наметавонад; ҳарчанд ки мардум ўро ба ҳамин кўҳ баробар мекунанд. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад, вале бобо ба ин чиз шак меорад ва аз одамон хоҳиш мекунад, ки ин хел гуфта, ўро гунаҳгор накунанд... Ў ба кўҳ нигоҳ карду нигоҳ кард, магар чизе гуфт, магар чизе шунид, ки оҳиста ришашро панҷа кашид ва сар хам карда, боз роҳашро давом дод. Вай хаёл мекард, ки бо ҳамин роҳ биравад, Ниёзи ҳамроҳи намояндаҳо ба губернияи Самарқанд рафта ба пешвозаш меояд ва хона наомада, дар сари роҳ мефаҳмад, ки барори кори ў чӣ хел аст, вале ў дур нарафт. Дар ҳамин ҷое, ки кони ангишт гуфта, Александрин фаромада дида буд ва сонӣ ба Ниёз рустӣ чиҳое гуфт, бобои Наврўз бозистода, пештар рафт ва бо нўги асояш ангиштсангҳои кўраро зада меафтонд ва гирифта тамошо мекард, ки чӣ аҷобатест, ки ин санги сиёҳ оташ мебарорад. Ин кон аст ва ё нест, ҳоло касе намедонад, ба ҳар ҳол мардум кам-кам канда бурдаанд, ки мисли танўри калони нонвойҳо танўра шудааст. Баъзе касон аз ин чиз истифода мекарданд, вале аз рўзе ки дар хонадони Абдуҷалил ном кас дар як шаб ҳама газгир шуда мурданд, ягон кас намеёрад, ки ба ин «кон» даст расонад. Акнун ягон кас бо ин кон кордор шавад, мардум ба шўр меоянд, ки ин кас душмани халқи Некон аст ва ҳамаро газгир карда куштанист.
Вале бобо маслиҳати Ниёзро бо Александрин медонад, умед дорад, ки рўзе ин кон низ гардон мешавад ва халоиқ дар оташи он гарм хоҳанд шуд. Бобои Наврўз умед баста буд, ки Ниёз бо роҳи Ҷавпая меояд, ки қариб аз рохи қадоба якуним фарсанг наздиктар аст; бо аспи самандаш меояд... Аммо як лаҳза роҳро пеши назар овард ва аз хоб бедор шудагӣ барин як қад парид, ки ба ин роҳи пуркамар ва пурхатар чаро ўро танҳо гузоштааст, аз рафтан-ку ҳамроҳ дошт, вале аз омадан чӣ? Ўро воҳима гирифт, баргашта ба пас нигарист, ба назараш намуд, ки бешабонҳо ўро ба зудӣ пешан доз карда ба ҳамон роҳ мебаранд, ба ҳамон роҳе, ки Ниёз имрўз ва ё фардо бояд биёяд.

пешина
аз 279
навбатӣ