Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар дили пирамард ғулғула афтод, вале намедонист, ки ин ғулғула аз чист? Сонӣ фикр карда-фикр карда ба хулосае омад, ки шояд аз рафтори оғилакиҳо ва кирдори имрўзаи хонаковҳо бошад. Беихтиёр... тамоман беихтиёр пояш ўро сўи роҳи Ҷавпая мебурд, ба ҳамон роҳе, ки ҳазорон кас рафтаю омада, вале биме накарда ва хатаре падида буданд. Аммо имрўз барои чӣ бобо аз роҳи шинос ҳарос мекунад, худаш намедонад.
Оғилакиҳо... рост, оғилакиҳо мардуми андаке қайсар; баъзан дар бузкашиҳо ғиромӣ карда, мағал хезонданӣ мешаванд, ба ситезаю ор аз маъракаҳо қаҳр карда мераванд, вале мардуми ин қаламрав, ки одати онҳоро медонанд, ҷилави аспашонро намегардонанд. Аз як маърака ё бузкашӣ қаҳр кунанд, дар маъракаи дигар баробари расидани пайкон ҳозир мешаванд. Ҳамин хел як мардуме, ки на мурданашонро андеша мекунанд ва на зистанашонро...
Бобо рафту рафт, то дами ғуруб рафт ва дид, ки аз пеш касе нест. Ниёз намеояд, намози аср қазо нашавад, гуфта баргашт. Дар бозгашт чаққонтар буд, на барои он ки касе ўро таҳдид мекунад ва ё қасде дорад, балки фақат барои он ки намозаш қазо нашавад, алҳол яғона коре, ки дар зиндагиаш карда метавонад, ҳамин панҷ вақт намоз аст, чунон бар он эътиқоде дорад, ки намехоҳад саҳве гузарад. Умуман дар зиндагӣ зътиқод доштан хуб аст; шарт нест, ки ба намоз бошад, ба ягон чиз, ба ягон кас эътиқод бояд дошт, вагарна одам вуҷуд дошта наметавонад, касе ки эътиқод надорад онро дар қатори одам ҳисобидан раво нест, ин ақидаи Бобои Ниёз, касе ки ягон чизро намепарастад, беимон аст. Мардум оташпараст буданд, санампараст буданд, худопараст буданд, вале ҳеҷ вақт одампараст иабуданд, ҳеҷ вақт аз як кас кулл насохтаанд, вале касонро сарвар, роҳбар ва саркарда медонистанд, ки ҳамон ҳам он чизеро ки халқ мепарастид, зътиқод дошт.
Бобо як бор ба кўҳи Ховар нигарист, дид, ки соя ба дами кўҳ баромадааст ва ҳамин замон аз қулла ҳам гузашта ба сари он як пардаи сиёҳ меандозад ва намози асри ў қазо мешавад, вай башитоб рафт, асояшро ба замин такя дода, ба қувваи дасташ худро пеш тела дод, ки зудтар расад. Арақ кард, нафасаш гашт, вале дигар мадораш намонд... Офтоб фурў рафт. Кўҳи Ховарро матои сиёҳ пўшонд ва ба назари ў расид, ки арўсе барои марги шаҳаш қарси сиёҳ ба сар кашид. Бобо дар таҳлука афтод, вале илоҷи дигаре надошт, намозаш қазо шуд... Ин аввалин ҳодиса; аз бозе ки бобо ба ин чиз сахт эътиқод бастааст, намозашро қазо накарда буд, барои ҳамин ин чизро фоли нек намедонад. Дубора баданашро арақ пахш кард, мадораш кам шуд, бинишаст; ба рўи санги сиёҳи сари роҳ бинишаст, ки ҳеҷ гоҳ раво намедонист. Гўё аз зарурат ин корро кард, аз ноилоҷӣ ин корро кард, ба назараш, агар наменишаст, сараш давр гашта, афтода, шояд ба ҳамин санги сиёҳ мезад... Нишаст. Асояшро ба паҳлўяш не, дар бағалаш гузошт ва сари гирдгардонашро бо кафонаш дошт, андаке дар хусуси ягон чиз фикр накард: на дар бораи худаш, на дар бораи Ниёз ва на дар бораи дўсту душман...

пешина
аз 279
навбатӣ