Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Вале нашуд, дили ўро гургони хаёл тала карданд. «Барои чӣ? А? Барои чӣ?» Ҳамин қадар гуфта тавонист, барои чи ин хел мегуфт, маълум набуд. «Чӣ барои чӣ?» гашта аз худаш пурсид ў. «Ҳа, барои чӣ ман имрўз ин қадар фикри ин баччаро мекунам?» – андешае ки чанде пеш ба сари Ниёз меомад ва намефаҳмид, ки барои чӣ бобо ин қадар ғами ўро мехўрад, акнун ба сари бобо задааст. «Магар ин бачча фикр намекунад, ки бобо чаро якбора ин қадар меҳрубон шуд?.. Фикр мекунад... вай кўдак не, ки як пора қанд дода фиреб кунӣ... А, барои чӣ? Барои чӣ будааст? Барои чӣ ман имрўз ўро ҳомию пуштибон мешудаам?
Шояд гумон кунад, ки мансаб мегирад, барои ҳамин... Не-е...
Гўштро аз нохун ҷудо карда намешавад...»
Бобо ҳис кард, ки арақаш хушк шуда, баданаш хунук хўрд.
Шом ҳам қазо шуд. Акнун баъди хуфтан қазохонӣ мекунад. Ғалтидану хестан барои бобо он қадар душвор не, лекин ба гапи мардумони паст, ба гапи носазо ва беҷо тоқат карданаш душвор аст.
Ў ҳамин чизро ҳам андеша мекунад; андеша мекунад, ки халоиқ дар хусуси худашу наберааш чиҳо мегуфта бошанд. Рафтори ўро чӣ хел тафсир мекарда бошанд... Ў андеша мекунад ва баъдтар ба худ омада хулоса мебарорад, ки ин хаёлҳо фоида надорад, ҳама қувваро барои пешрафти кори Ниёз сарф бояд кард.
Вале хаёлҳо қадами ўро боздоштанд. Вай ба дарвозааш наздик омада буд, аммо надаромада бозистод. Бозистод ва пас гашт.
Хаёлҳо ўро боз пас бурданд. Балки хаёл ҳам набуд, як қуввае буд, ки худи ў низ намедонист чӣ қувваест. Он қувва аз китфони ў дошта мисле ки кўдакро аз гўшаш тофта роҳ нишон медода бошанд, рўяшро тофта сўи кўча овард ва тела дод, ки пеш равад; ба пешвози Ниёз равад. Гўё ин чиз хаёл набуд, балки қосиде ин ҳарфро овард, ки бобо бояд пеш равад. Касе, чизе ё хаёле ин гапро гуфту бурафт, вале бобо надонист, ки ин ҳарф аз куҷо буд.
Садо кард, ки беҳуда кардӣ, беҳуда Ниёзро гузоштӣ, ки биравад, аз ин тараф-ку ҳамроҳ дошт, вале аз он тараф чӣ кор мекунад «бобо қасд кардӣ, ба ҷони набераат қасд кардӣ! Ў рав ҷои гармашро ёфта буд, аз ҷои гармаш беҷо кардӣ...» Бобо як қад парид ва яқин кард, ки намозаш беҳуда қазо нашуда будааст. Гўё ў бедор шуд, вале ҳоло ҳам як қувва ўро бозмедошт, то алвақт лаҷом мекашидагӣ барин сахт медошт, вале ҳоло такон медиҳад, меафшонад, ки ҳушёр бошад, ба кори кардааш ҷавоб диҳад; ва бобо сахт мутаҳаййир шуд, сахт ба изтироб афтод, ки кори кардаи ў на танҳо ба ятимак, ба мардум, ҳатто дар назди парвардигор раво набудааст. Не! Ў худро гунаҳгор намедонад, ҳамааш дар ғоиби ў шудааст, аз кирдоре ки писаронаш карда буданд, ў бехабар буд.
Вақте ки аз ҳамаи ин кирдорҳо хабар ёфт, толиби дидори Ниёз шуд, вале боз сари бечораро ба гирдоби бало андохт, аммо ин чизро ҳоло худи Ниёз намедонад, аз пешомад ва ташвишҳо худи бобо тахмин мекунад, ки ҳамаи ин корҳо бебало намегузарад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо