Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Бебало не...» Рост барин; қуввае бар дўши ў нишаста, қоматашро ба замин фурў додан мехоҳад. «Гум шав!» фарёд зад бобо ва аз кори кардааш пушаймон шуд, ки касе ўро дида бошад, номашро ба девонагӣ мебарорад. Вале ин чиз аҳамият надорад. Муҳимаш:
як рўҳи нопокеро, ки бар дўшаш нишаста, шайтонӣ мекард, ўро аз роҳ мезад, ба фикру андешаҳои беҷо илқо мекард, дур андохт.
Китфони аз бори гарон шалпар гаштааш бардошта шуданд. Аммо баробари он дар баданаш мурғак давид. Ба назараш, ки он шайтони болдор аз китфи ў бархоста ба даври сараш мегашт ва ўро масхара медошт. Бобо дар ғазаб шуд ва чунон ки имрўз бо бешабонон карда буд, асояшро бар осмон бардошт ва чунон пуршаст ронд, ки бо шамшер онро ду нима мекарда бошад. Пагоҳ асояш ҳаворо бурида буд, вале ҳоло чунон сахт бар санги сиёҳе бархўрд, ки пора гашта дасти ўро лат дод...
Бобо ҳушёр гашт. Аз зарбу лати даст ҳаяҷонаш фурў шуд ва гўё ки хоб дида бошад, ба таъбир гузашт: «Балои омада ба ҳамин асо зад... туф-туф...» Пораи дар дасташ мондаро низ дур андохта ба роҳ даромад: «Шуд, ҳамааш маълум шуд... Девона шудан чандон душвор набудааст. Кас худро ба девонагӣ занад, осон будааст...» Ў ният дошт, ки бо роҳи Ҷавпая меравад ва Ниёзро пешвоз мегирад, вале ба ин ҳоҷат намонд... ба назараш, ки як бори гарон, як кувваи зиштро аз дўш дур андохт ва акнун осуда ба хона меравад, вале чандон осуда не, ҳоло ҳам аз ваҳм дур нашудааст. Ҳарчанд ҷою манзили решагӣ аст, холо ҳам аз чизе бим дошт, аз буни хонаву хамгашти деворҳо метарсид, мабод ки касе аз он ҷойҳо бурун омада, фалокате бархезонад....
Сўи субҳ рафтан умеде дорад, вале аз рўз ба шаб сафар кардан биме...
...Садои гум-гуми суми асп омад. Дар ин манзили кўҳӣ чунон гум-гум мекард, ки мардум вақтҳои дигар чунин садоро шунида зери ин кўҳ тилло дорад, мегуфтанд, вале ҳоло ки бобои Наврўз рўи ҷойнамоз менишаст, на фикраш ба тилло банд буд, балки зудтар даррасидани набераашро мехост. Забонаш ба намоз буд, вале фикраш дар берун. Ў садои суми аспро шунид, садои бинӣ афшондани онро низ, аммо намедонад, ки намозро паст хонда, садои Ниёзро шунавад ва ё каллапарид карда, бурида зудтар берун барояд, ҳарчанд диққат кард, чизе пай набурд ва чунон диққат кард, ки намозро бурид... Берун омад. Дар зери партави моҳ медид, ки чӣ тавр дар ҳавои серуни тирамоҳ аз сўрохиҳои бинии Саманд ҳавр фағона мезанад, чунон фағона ки чойҷўши дуҷумакаро болои оташи баланд гузошта бошанд. Асп ҳайдав буд, сараш аз одаташ берун хам. Гўшҳояш низ андаке афтода, мисли ҳамеша сих не ва пойҳояш хаста шуда вазнашро бардошта наметавонанд, ки бардорумон мекунад.

пешина
аз 279
навбатӣ