Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Саманди бодпо дар ин роҳи вазнин хеле азоб кашида хаста шудагӣ барин. Аммо савораш нест. Саманд баробари боборо дидан гўш чур кард ва дастак зада, бинӣ афшонд, кишна кард, шиҳа кашид. «Ҷонвар, ақл дорӣ, лекин саворат ку?» оҳиста садо баровард бобо, вале ҳавлиро хомўш ва бесохиб дида, дилаш ваҳм кард, фарёд зад: «Куҷоед? Ягон кас ҳаст?» Аммо ҷавобе нашунид. Боз воҳима гирифт. «Чӣ шуда бошад? Ақаллан набераҳо нестанд. Магар... а? магар...» Бобо парешон шуд, ки бо Ниёз коре шудаасту ҳама берун шитофтаанд.
Бобо, ки ҳоло асои нав наёфта буд, гўё беҳушона дастонашро пеш ёзонда, асое пайдо карда берун рафтанӣ шуд, вале асп кишна карда сўяш омада ва ўро аз ин қасд боздошт. Ў дастони ёзондаашро ба ёли Саманд расонд ва сару гардани онро сила карда пурсид:
«Куҷо шуд? Ўро дар куҷо монда омадӣ? Чаро бе соҳибат омадӣ?»
Саманд сар афшонд «не-не» мегуфтагӣ барин сар афшонд ва гўё ки «Ўро овардам, ў сиҳату саломат» мегуфта бошад, болову поин сар меҷунбонд. Сонӣ Саманд зону қат карда назди бобо нишаст.
Дигар вақт мебуд, бобо барои ин кораш Самандро мебўсид, вале ҳоло ки бўса дар дилаш намегунҷид, гардани онро оғўш кард.
Саманд гумон кард, ки бобо ҳамин зайл савораш шуд, барои ҳамин гардан боло карда дастони хамкардаашро рост кард, то боборо ҳамон зайл бардошта ба ҷои даркорӣ бибарад, аммо бобо гардани онро сар дода, хавф бурда берун баромад. Вай гумон кард, ки Саманд барои Ниёзро дар куҷое партофта омаданаш маъзарат мепурсад, бобо дастонашро пеш ёзонда, монанде ки худи ҳозир Ниёзи пешомадаро оғўш карда мебўсида бошад, пеш мерафт. Аммо Саманд нагузошт, ки бобо пеш равад. Вай тохта пеш гузашта дар роҳи бобо уреб истод. «Чӣ мехоҳӣ, Саманд?»
аз рафтори вай ҳайрон монда пурсид бобо. Саманд боз зону қат кард. «Савор шавам?» боз пурсид бобо ва Саманд гўё ки забони одамиро медониста ва ё мефаҳмида бошад, тез-тез сар афшонд.
Бобо ба зини он даст бурда андаке вазн андохт ва Саманд башитоб бархост ва дид, ки бобо дар замин монд, як давр гашта боз назди вай омад ва фўк ба баногўши ў бурда дароз-дароз нафас баровард:
«Чизе намефаҳмӣ, бобо, чизе намефаҳмӣ». Дар ҳақиқат бобо чизе намефаҳмид, ҳамин қадар медонист, ки хатаре рўй надода бошад, Саманди дастпарвараш чунин рафтор намекард, чунин рафтори одамона намекард, пеши ў ба зону наменишаст. «Росташро гўй, Саманд, Мирзониёзро куҷо кардӣ?» Саманд забон надошт, вале ишораҳо мекард ва бобо забони онро намефаҳмид. Ва Саманд ҳайрон мемонд, ки чаро вай забони одамиро мефаҳмаду ў забони ҳайвонро, ҳайвони дастпарвари худро намефаҳмад. «Ў-ў! Дар ин ҳавлӣ ягон кас ҳаст?!» фарёд зад ў, вале фарёдаш гиряолуд буд, вале касе ба садои ў ҷавоб надод ва Саманд чунон шиха кашид, ки мисли зилзила буд.

пешина
аз 279
навбатӣ