Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бобои гумонолуд, хаёлолуд ва шубҳадошта тамоман ҳушёр гашт: «Саман беҳуда ин хел рафтор намекунад», гуфт дар дил ва акнун мехост, ки вай ба зону шинаду савораш шавад. Вале саманд ба кўча нигоҳ карда роҳ мерафт, то бобо аз паси вай биёяд. Саманд бозистод ва гўшхояшро сих кард. Бобо аз ин кори вай дар ҳайрат шуда пеш рафт. Саманд шиҳаи сахт кашид ва дастонашро боло бардошта чароғак шуд. Бобо бозистод, ки ин чӣ балоест, то алвақт надидааст, ки Саманд ин хел рафтор карда бошад, то ҳол ин зайл шиҳаҳои баланди онро нашунида буд, то ҳол одамӣ барин рафтор кардани вайро надида буд. Ин чӣ аломате бошад?.. Саманд дастони бардоштаашро ба замин бозгузошт ва баргашта ҷониби бобо омад ва фук ба гардани вай бурда гўё бўй мекашид ва ба гўши ў чунин мерасид: «Наход ки набераатро дўст дорӣ, бобо?» Ҳар чизе буду набуд, ҳар чизе фаҳмиду нафаҳмид, оҳиста даст боло карда фуки онро оғўш кард ва бўсид...
Аз пеш меомаданд. Вале бобо дар торикӣ намедид, ки кӣ меояд ва садоҳои паст-пасте, ки ягон-ягон ба гўш мерасад, садои кист.
Шаб ором, деҳа хомўш, барои ҳамин садои паст ҳам ба гўш мерасад. Садои пасти Кўҳак низ он қадар халал расонида наметавонад. Аммо дар асл нооромтарин деҳа ҳамин шаб деҳаи Некон буд. Ва аз хама пуризтиробтарин кас бобои пир буд. Умеди бобо аз Ниёз дигар аст: ягона касе, ки номи падарию бобоии моро зинда медорад – Мирзониёз, мегуфт, барои ҳамин ин қадар дар ташвиш аст, ки ба ин ҷавонписар осебе нарасад. Ба назари бобо Ниёз мисли кўхи Ховар аст; қомати баланд ва китфони қавӣ дорад, айнан китфони кўҳи Ховар барин, ки ҳар қадар бори вазнин бошад, мебардорад.
Аз пеш меомаданд; даҳ-понздаҳ нафар не, бисёр меомаданд.
Бобо дид. ки онҳо меоянд ва ў гумон кард, ки ҳамон мардуме ки рўзи одина барои волӣ интихоб кардани Ниёз омада буданд, меомада бошанд. Меомаданд, хомўш меомаданд, вале ин хомўшӣ ба бобо намефорид; чи хеле ки ба дили ў неш зад; бобои рўзгордида хавферо пай бурдагӣ барин чашмони пиронаашро нимкоф карда дар равшании моҳтоб сўи тўда менигарист. Ў ин хел тўдаҳоро зиёд дидааст, вале ҳама вақт медид, ки чунин тўдаҳо аз деҳа ҷониби қабристони баланд мерафтанд, аммо ду дафъаи охир мебинад, ки тўда сўи ҳавлии ў меояд. Аз ҳавлие машъалдоре баромада ба тўда ҳамроҳ шуд ва пешопеш мерафт. Бобо яқин кард, ки ин машъал аз ҳавлии усто Собир баромад ва дилаш таҳ зад, «бебало не» аз дил гузаронд ў ва сари роҳи тўда, миёнаи роҳ бозистод, то пеши роҳи тўдаро бозгирад ва донад, ки ин кор чӣ кор аст? Ё шояд мардуми деҳаҳои дигар барои Ниёзро волӣ нахостанашон ин қадар шўрида омада бошанд... Вале ин гапҳо ҳоло андешаҳо ҳастанд, бобо чизи дигар мехоҳад; барои ў ба ҷуз донистани аҳволи Ниёз чизи дигаре аҳамият надорад. Тўдаи машъалдор чунон оҳиста меомад, ки гўё ба пои ҳамаашон ишкел зада бошанд.

пешина
аз 279
навбатӣ