Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз бобои пири бемадор хам сусттар мегаштанд. Дили ў тоқат накард ва пеш рафт, то ҳолу аҳволро тезтар фаҳмад... Ў пеши тўда Ниёзашро дид ва ҳангаш канд:
ўро дошта меомаданд. Бобои пири беасо ин аҳволро дида пеш давид ва ҳамаро сахт гуфт: «Чӣ кор мекунед, наход як китфдоре набошад, ки инро пуштора карда бубарад?!» ва пеши Ниёз хам шуда, ўро ба пушторааш хост, вале Ниёз розӣ нашуд. «Гуфтем, гуфтем, худаш розӣ нашуд, ман нағз, гуфт...» садо карданд ҳама.
Бобо шарҳи ҳол напурсид. Лекин яқин кард, ки дар роҳ бо ў коре шудааст. Бобо дасти Ниёзро, ки ба гарданаш барои миннатдорӣ расида буд, дошта, пеш кашид, ки ўро бар дўшаш хобонад, вале Ниёз розӣ нашуд. Ниёз риши бобояшро дилсўзона сила карда, сонӣ аз зери бағали ў бардошт, ки хезад: «Маро гунаҳгор накунед, бобо... ба ҷои он ки ман шуморо пуштора кунам, шумо маро ба гуноҳ меғўтонед...»
— Ман аз ту қарздор, Мирзониёз... Ман мисли бобоҳо ба ту хизмате накардаам, туро боре ҳам ба дўшам набардоштаам, ҳол он ки тамоми бобою момохои киштўдӣ ин корро мекунанд. Биё туро як бор ба. дўшам бардошта барам...
— Ин хел нагўед, бобо, маро гунаҳгор накунед...
— Ту гунаҳгор не, ман гунаҳгор... Ман дар назди ту сахт гунаҳгор, – мегуфт бобо, вале аҳволи ўро намепурсид, то дар назди мардум шарм надоронадаш...
Ду нафар аз ду тарафи бобо дошта бардоштанд. Ў ба по хест ва Раҷабу Яъқубро дида андаке осуда шуд, ки Ниёз танҳо набудааст, вале ҳоло ки таги корро намедонист, чизе гуфта наметавонист. Бобо боз як ба тўдаи мардум нигарист ва ҳайрон монд, ки ин қадар одам аз куҷо пайдо шуда бошад. Бобо як бор даст бардошт, ки чизе гуфта онҳоро ё баргардонад ва ё чизе пурсад, вале дасти бардоштааш бозфаромад. Ў чизе гуфта натавонист, андеша кард, ки мардуми бедаҳан зиёдаид, боз дар хаққи ў дар ҳаққи беэътиноиҳое қи нисбат ба падару модари Ниёз карда буд, чизе нагўянд; ба назари бобо, ки ин гуноҳи ўро ҳатто худо ҳам намебахшад, ва барои ҳамин ҳар қадар ки аз дасташ ояд, барои набера некӣ карданист.
«Саманд туро афтонд, Ниёз? Ягон кас ба ту қасд кард, Ниёз?
Чаро асп бе ту ҳавлӣ рафт, Ниёз?» пурсидан мехост бобо, вале аз мардуми ҳангоматалаб, ки даркору нодаркор аз паси ў кашола шуда меомаданд, шарм дошта савол намекард. Ва танҳо вақте ки шаш-ҳафт тан ба хона расида, дигар ҳама баргашта аз паи корашон шуданд, бобо зери бағали ў барои дам гирифтан болишт монда пурсид: «Ба ту чӣ шуд, Мирзониёз?» Ниёз «асп афтонд» гуфту монд, вале бобо бовар накард, зеро Ниёз ба одами аз асп меафтидагӣ монанд не. «Тарсидӣ?» боз пурсид бобо. Ниёз чӣ гуфтанашро надониста ба чашмони бобо нигоҳ карда истод.

пешина
аз 279
навбатӣ