Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бобо пай бурд, ки Ниёз сахт тарсидааст. Сиёҳиро сиёҳӣ мебурад, гуфта сиёҳии дегро ба об ҳамроҳ карда ба ў хўронд. Бобо мехост ҳақиқати ҳолро зудтар фаҳмад, аммо Ниёз буду шуди воқеаро гуфта наметавонист ё шарм медошт ва ё намехост, ки бобо аз ин савдо огоҳ бошад, зеро бобо як гапро фаҳмад, то онро ба тагаш нарасонад, ором намегирифт. Агар Ниёз медонист, ки имрўз бо бобо чӣ воқеа шуд, чӣ қадар омадани ўро мўйсафед нигарон буд, шояд ягон чизро аз бобо пинҳон надошта, ҳамаро мегуфт. Вале як кўдаки тарсу барин асрореро пинҳон медорад. Ба «тарсидам»
гуфтан шарм мекунад ва ё аз овозаю дарвозаи гап меҳаросад. «Аз кўҳу камари Ҷавпая тарсидӣ, Мирзониёз?» тоқат накарда пурсид бобо. «Не» ба рўи болишт дароз кашида сар ҷунбонд Ниёз.
— Чаро аз ман руст мекунӣ? Ҳама чиз ба ман аён.
Ниёз каме ковок шуд ва гўё ки дурўғи ўро бобо пай бурда бошад сар хам кард ва баъди сукути тулонӣ пурсид:
— Чӣ аён шуд, бобо?
— Аз пасат таъқиб карданашон...
Ниёз сахт ба рўи болиш афтод ва аз ҳолат рафт. «Об биёред, пиёз биёред!» садо кард бобо... Ба рўи ў оби хунук зад. Ниёз як бор аз хунукии об як қад парида, боз фурў нишаст ва дигарбора сардии обро ҳис накард. Бобо ба димоғи ў пиёз дошт. Ниёз атса зад, вале тамоман ҳушёр нашуд...
...Ва бо ҳамин Ниёз чиҳил рўз бистарӣ шуд, вале дар чунин ҳолат ҳам воқеаро ба бобо намегуфт; аз ҳар кори душвор ва рўйдоди ногахонӣ тарсидани ҷавонписар айб аст. Ин гапро Ниёз хуб медонист, барои ҳамин «тарсидам» намегуфт, бо вуҷуди он ҳар тадбире, ки барои тарс бошад, бобо биандешид. Вале оқибати ин ҳодисаро бобо ҳамин тавр намонд: Ниёз ки сиҳат шуд, бобо ба бозпурсӣ даромад ва Ниёз кўтоҳакак гуфт: «Барлосҳо буданд».
Бобо сар ҷунбонд: «Медонистам» ва оҳ кашид, аммо сабаби оҳ кашиданашро ба набера нагуфт. Нагуфт, ки ин мараз аст, аз ин мараз халос шудан муҳол аст. Ва нагуфт ки Ниёз, як умр ба сарамон ташвиш овардем... Бобо ҳамин лаҳза аз кардааш пушаймон шуд; пушаймон шуд, ки Ниёзро нороҳат кард, пушаймон шуд, ки чаро чунин кирдорҳоро пешбинӣ накардааст; охир ў медонист, ки мансабхоҳон бисёранд ва мансаб бе бало намешавад.
Ниёзи бетаҷриба намедонист, ки корро аз куҷо сар кунад ва андешае дошта бошад ҳам, бе рухсати губернияи Самарқанд карда наметавонист. Пирамард – бобои Наврўзаш аз маслиҳат додан худдорӣ мекард, зеро аввалин хидмати кардааш бебало набаромад, барои ҳамин аз дигар корҳо худдорӣ мекард.
Ниёзи бетаҷриба ба андеша рафт; хуни ҷавониаш барои қасос меҷўшид: аз рўи вазифааш рўирост набошад ҳам, пинҳонӣ оҳистаоҳиста аз оғилакиҳо қасдашро гирифта метавонист, вале ин корро кори мард намедонист. «Некӣ ва одамиро ба онҳо фаҳмонидан лозим» аз дил мегузаронд ва кирдорҳои амакаш Намозро пеши назар меовард, ки оқибати онро ба чашмони худ дида буд.

пешина
аз 279
навбатӣ