Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин рў ба худ қарор карда буд, ки пеш аз он ки бадие бикунӣ, оқибати онро бояд биандешӣ. «Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?» яке аз мисраъҳои сурудҳои димоғии бобояш хамин буд ва Ниёз ин мисраъро ҳама вақт такрор мекард: «Рост, чаро?»
— А, бобо! Чӣ бояд кард?
— Чиро мегўӣ, баччем?
— Пой аз қолаб кебидагп барин...
— Ҳеҷ гап не, Ин барлосу қаллуқҳо қабилаҳои тороҷгаранд, ҳама умр тохту тоз мекунанд, аз онҳо бепарво будан намешавад, лекин ту акнун онҳоро бояд ба низоме кашӣ... Албатта танҳоӣ мекашӣ, ин корро бе маслиҳати роҳбарони самарқандиат карда наметавонӣ. Худат нағз медонӣ, ки волӣ бошӣ ҳам, дар тасарруфи уезди Самарқанд ҳастй. Баччем, дигар барои ту танҳо-танҳо гаштан бас аст: ҳам дар хона танҳо будан ва ҳам дар раҳу рў танҳо будан хавфе дорад.
— Дар бозгашт кўтаҳие аз ман гузашт, бобо. Ман набояд бо сару либоси дар Самарқанд бахшидаашон меомадам...
— Шаҳри якчашмон равӣ, якчашма шав, гуфтаанд. Ту бояд дар даромади шаҳри Панҷакат либосатро бадал мекардӣ. Минбаъд дар хўрҷини ту бояд ду сарутан бошад: то Панҷакат саллаю ҷомаю маҳсӣ бипўшӣ ва он тараф либоси волигиатро. Вагарна ба ту сахт мушкил мешавад... Ман аз кори кардаам пушаймон, баччем... Душмандорӣ кори сахт: донӣ, ки душманат кист, корат осон, вале душмани пинҳонӣ – аҷали ногаҳонӣ, вагарна Сиёҳоби Тайлоқ барин намедонӣ, ки об ба кадом самт меравад...
— Парво накунед, бобо, душманҳои хасакӣ...
— Душманро хас аст, аммо бас аст, гуфтаанд. Душман душман аст, душманро зўру камзўр гуфта намешавад... Яъқубу Раҷаб андаке ба ту майл доранд, онҳоро бояд ёр гирӣ ва боз чанд нафари дигарро. Мулк бе лашкар намешавад. Лашкари ту на ба он маънӣ, ки ту ягон мулкро забт мекарда бошӣ ва ба сари касе тохт меоварда бошӣ, не. Фақат барои муҳофизати худат, барои муҳофизати заминат, барои муҳофизати наслу насабат... Мегўянд, ки дар замони Рўдакӣ ҳамин тавр шахсе пайдо шудааст, ки пойдевори давлати тоҷиконро гузоштааст, вале тохтутозҳои мардуми бегона боз ин пойдеворро осеб расондааст. Ман ин чизҳоро чандон хуб намедонам, вале «Шоҳнома»-хонҳо ин гапҳоро хуб медонанд, хуб шарҳ медиҳанд. Мазмун, ин чизҳо дар китобҳо навишта шудаанд, вагарна онҳо ҳам намедонистанд... Давлатдорӣ, мулкдорӣ кори саҳл не... Подшоҳе, ки оқил буд ва ё вазири доно дошт, давлатдорӣ карда тавонистааст. Салтанати подшоҳи аблаҳ дер давом накардааст...

пешина
аз 279
навбатӣ