Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бобо сар ба зер афканда ба андеша рафт. Ниёз низ хомўш меистод ва худ ба худ таҳлил мекард, ки бобо аз куҷо андешаҳои ўро медонад, ки мегўяд. «Ҳа-а, саг барин ҷонвари бадном ба инсон некӣ кардан мехоҳад, вале барои чӣ одам ба одам бадхоҳ аст?
Дар хона сулҳу салоҳ бошад, дар ҳамсоягӣ сулҳу салоҳ бошад, дар деҳа, дар шаҳр, дар уезд, губерния, дар мамлакат, дар дунё сулҳу салоҳ мешавад, он гоҳ ҳоҷати ғаму ғусса нест. На бародар ба бародар чашм ало мекунад ва на писар ба падар... Асрори ин муамморо кӣ мекушода бошад? Охир дунё як бор не, чандин бор пайдо шудааст. Пеш аз Тўфони Нўҳ ҳам дунё буд, бадию бадкорӣ ҳам буд, вале чаро он зери об намонд?.. Ҳа-а, бадӣ мисли хас рўи об мегардад, агар вазнин мебуд, гавҳар мешуд...»
— Сардорӣ фақат зулму ситам кардан нест, – фикрашро давом медод бобо, – саркаши хуб рамаро ба варта намекашад, саркаши хуб бояд донад, ки гўсфанд ҳамагуна ҷару ҷўро гузашта наметавонад, барои ҳамин худро ба гуми дарё намеандозад, роҳи гузар меҷўяд. Роҳбар тўдакаш аст, роҳбар – роҳкушо, роҳнамо ва мушкилкушост...
...Ниёз гуфтаҳои боборо аз фикрполо мегузаронд, аҳволи халқро аз наздик медид ва дуру дароз ба андеша мерафт: «Чаро дунё ин қадар нобаробариҳо дорад? Ин кори кист? Кори худост ё кори бандагон? Чаро дар олам зўр ҳасту зор ҳаст?» Ў сарҳисоби корро гум кард, магар баробар карданӣ кор аз дасти ў меояд?
«— Бобои Наврўз, ба Мирзониёз гўед, ки ман аз ўҳдаи додани андоз намебароям», – имдодталаб меомад бечорае.
«— Бобои Наврўз, худамро фурўшам ҳам, қарзи амину андозчиҳоро адо карда наметавонам, омадам, ки Мирзониёз чӣ мегўяд»,
– исрор мекард дигаре.
«— Бобои Наврўз, ба ман Мирзониёз лозим... ҳамин ҳам кор шуд, ки кас дудпулӣ диҳад... Парвардигор ба мо ҷон ато кардааст, боз ҷонашро мегирад, қарз, лекин ин андозчинҳо ба мо чӣ додаанд, ки ин қадар меситонанд?»
«— Мирзониёз куҷост, духтари маро ба зўрӣ мегиранд, лекин боз қарзамро адо карда наметавонам... Ин чӣ зулм? Ин чӣ тааддӣ?»
Ва Ниёз ҳамаи чунин арзу додҳоро мешунид, аммо илоҷе намеёфт: «Ба назари шумо чӣ бояд кард, бобо?» Ў низ намедонист, намедонист, ки чӣ кор бояд бикунанд. Сахт аст, гарон аст... Заминдор замин мефурўшад, духтардор духтар аз ноилоҷӣ мебахшад, молдор аз баҳри мол мегузарад, аммо беҳбудие нест.
— Агар шумо розӣ бошед, ба ҳамаи бойҳо хабар мефиристем, ки рўзи одина дар масҷиди Зери Ҳисор ҷамъ оянд ва ба ҷои нодорҳо қарзашонро адо кунанд, – масъала гузошт Ниёз ва бобо сар ба зер афканда, ба андеша рафт, дергоҳ хомўш монд, сонӣ сар ҷунбонд, барои худ сар ҷунбонд ва Ниёз дарк кард, ки бобо ба ин кор маслиҳат намедиҳад.

пешина
аз 279
навбатӣ