Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Кӣ ба ин кор розӣ мешавад, Мирзониёз? Агар бой аз ҷониби камбағал андоз медод, камбағал хушбахт мешуд...
— Бобо, шумо калону ман хурд, як бор даъват карда ҳарфамонро гўем, бинем, чӣ мешавад.
— Кори ту, баччем, аммо суде намебахшад...
...Ниёз ба тамоми бойҳои музофот хабар фиристод, ки рўзи одина дар масҷиди Зери Ҳисор ҳозир шаванд ва худ се рўз дар фикру андеша буд, ки масъаларо чӣ хел ба онҳо мефаҳмонад. Рўзи одина бойҳову дороён, амину андозчиҳо ва ҳар касе, ки ба назари Ниёз лозим буду хабар дошт, ба масҷид омад, миш-миш шуд, ки кофире пайдо шудааст, ки аз ҳамин рўз иборатан намозро манъ мекунад, аммо ҳамин ки баъди намоз ба масъала рў оварданд, миш-мишашон хато баромад.
— Мо ҳама бандагони хокиву худотарсем! Ҳамин тавр ё не?
– даромад кард Ниёз.
— Алҳамдулиллоҳ! – садоҳо меомад.
— Ҳамин тавр ки бошад, чаро касони суфраашон пур аз ҳоли бечорагон бехабаранд? Чаро камбағалон аз гушнагӣ муранд хам, дороён як газ нон намедиҳанд, чаро халқи бечора ба қарз ғўтида, бойҳо фароғат доранд?
Аввал миш-мишу гўшакӣ шуд, сони овозҳо баромад:
— Ризқро оллоҳи таоло тақсим мекунад, на мо, ҳар чӣ ба пешонаашон андохтааст, ҳамонро мебинанд!...
— Худаш ки ба пешонаи камбағал андохта бошад, мо чӣ кор кунем?
— Мирзониёз, умедамон ин набуд, ки гови сарнабуридаро пеши сагон андозӣ, ки хомталош кунанд!
— Мо аз камбағал талаб накардаем, ки доштаву надоштаашро ба мо диҳад!
Ниёз чунин умед надошт, ки як сухани ў ин қадар ҷавоб мегирад.
— Хуб, дўстон, максад аз дасти бойҳо кашида гирифтани дороиашон нест, дар музофоти Киштўд дигар аз камбағал ҷарима ситонидан, андоз ғундоштан манъ аст... Волости Киштўд қарор мекунад, ки андозу қарзи камбағалон аз сари онҳо бардошта шавад... қарзи камбағалони деҳаҳоро бойҳои он ҷо бояд адо кунанд...
Шумо розиед ё не?
Садое наомад. Боз миш-миш сар шуд ва гурўҳ-гурўҳ хеста рафтанӣ шуданд.
«Гуфтам, ки ин кофир аст.»
«Сағираи кунлучи думовард, даҳанаш ба нон расидааст».
«Дилат ба камбағалон сўзад, худат қарзашонро адо бикун.»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо