Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Амини маҳаллаҳо, андозчинҳо! Бойҳое, ки аз ин кор сар мекашанд, ҷаримаашон бояд дучанд шавад... Худотарсон бояд донанд, ки ҳаворо ба даст дошта намешавад, чизеро меситонанд, ки бояд бошад, андоз ба дороён зебанда, на ба камбағал...
Маҷлис хунук шуд, ҳама худсарона хеста рафтанд.
Бобои Наврўз аз ин маҷлис шод нагашт, хафа шуд, ки Ниёз бо думи шер бозӣ мекунад, беақлӣ кард, ҳарчанд ки фикраш дуруст аст, рафтораш маънӣ надорад; оташро ба даст кушта намешавад, бо вай бозӣ ҳам карда намешавад.
— Кори намешудагиро ба миён гузоштӣ, баччем.
— Дигар илоҷ надорем, бобо.
Чанд вақт гузашт, вале амини маҳалҳо ва андозчинҳо аз бойҳо чизе ситонида натавонистанд ва ба ин кор кўшиш ҳам накарданд, бешабонон аз ҳукми волӣ сар тофта, ҳар коре ки мехостанд, бо хезумчиҳо мекарданд. Ниёз ба танг меомад, аз уезди Самарқанд талаб мекарданд, ки андоз зудтар расад. Ниёз хазина надошт, бобояш ҳам молу мулки ба андоз мерасидагӣ надошт... Ў ба танг омада буд, хост чанде аз дўстони дилхоҳашро гирифта, андозчини бойҳо шавад, аммо худдорӣ кард, дурусташ бобо ба ин кор маслиҳат надод; намезебад, ин кори ту не, гуфт ва Ниёз ба ҳамин қаноат кард ва тадбир меандешид, ки андоз аз бойҳо ситонад... Дар ин миён ду-се бойи деҳаҳои даруни кўҳ, ки рўзи маҷлис наомада буданд, ё аз бехабарӣ, ё аз тарс ва ё аз рўи фармудаи бойҳои дигар чаримаю андоз оварданд ва сонитар маълум шуд, ки ба сари халқ зулм карда, маблағ ғун оварда будаанд... Ниёз ба хашм омад, ба хашм омад, ки вай ба халқ сабукӣ орам мегўяд, бойҳо боз ба сари онҳо зулм меборанд. «Аз андоз сар кашем-чӣ, ба губернияву уезд итоат накунем-чӣ?» Ҳарчанд андеша кард, ба ин савол ҷавоб наёфт... Ин дафъа пой бар рикоб нагузошта аз қоши зин дошт, аммо савор нашуд, ба фикр рафт ва боз даст аз зин баргирифт, ресмони аспро ба яккамех баст, ҳалкаи ҷилавро ба қоши зин андохт ва аз дарвоза берун баромад; ба бобо чизе нагуфта баромад, то Яъқубу Раҷабро пайдо кунад. Вале худаш нарафта, баччаҳои гузарро фармуд, ки онҳоро ҷеғ зада биёранд...
Раҷаб омад, аммо Яъкуб набуд, аз рўи гуфтаҳо осиёб рафтааст.
Раҷаб баъди фаҳмидани майлу хоҳиши Ниёз, ки бояд ба деҳаҳои болодаст раванд, сўи осиёб асп монд ва бегоҳ баргашта омад:
«Яъқуб ордро дар хонаашон монда, расида меояд» хабар овард Раҷаб ва Ниёз арз кард, ки пагоҳ ба сафар бароянд, хубтар аст, вале бобо аз нияти онҳо бехабар аст ва донад, ҳаргиз ба чунин кор розӣ намешавад. Ниёз ба шабу рўз будани вақти сафар кор надошт, танҳо имшаб барои он ба сафар набаромад, ки бояд фикр кунад, андеша кунад ва аз бобо маслиҳат пурсад. «Кори хуб намекунӣ, баччем, ҳудаю беҳуда ҳар ҷо гаштанат хуб нест, лозим бошад меравӣ, набошад – не.» Шаби дароз Ниёз хоб нарафт, фикру хаёл кард ва ба ҳама эълон кард, ки ба сафари деҳоти кўҳистон мебарояд ва мақсадашро ба касе нагуфт...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо