Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале ҳамин ки рўз шуд, на ба ҷониби кўҳистон, балки ба сўи водӣ роҳ пеш гирифт... Аллакай ба кўҳистон хабар рафта буд, ки волии Киштўд ба деҳоти кўҳпора меравад ва мақсади аз бойҳо ситонидани боҷу хироҷ дорад... Ниёз ҳамроҳи ёронаш сўи водӣ рафт, вале аз кўҳпора ба хонаи ў қосид омад; як марди резапайкари бечорааҳволи сиёх, ки умре дар офтобу боду борон мегашта бошад. Ниёз, ки дар хона набуд, марди омада ба бобо чизе нагуфт. «Ба ман валасной лозим» исрор мекард ў.
— Мирзониёз ҳамроҳи ёронаш болорўка рафт, – мефаҳмонд бобо.
— Ман раҳораҳ омадам, болорўка нарафтаанд.
— Ба ту валасной чӣ лозим? Арзат бошад, ман мерасонам, ман бобош – бобои Наврўз.
— Не, дер мешавад, худашро дида гуфтанам даркор, ки болорўка нараванд.
Ҳарчанд ў мехост ба бобо чизе нагўяд, аммо аз содагӣ, болорўка нараванд гуфт. Бобо мақсади ўро пай бурд, ба назараш дилаш фурў рафт, гўё ҷисму ҷонашро шуста ба замин рехт ва ўро бемадор кард, баъди хеле андешаву хаёл боз аз қосид пурсид:
— Баччаи кӣ мешавӣ?
— Баччаи кӣ шудани маро намешиносед, мо одамони камбагал, ҳатто ҳамдиёриёни худамон баччаи кӣ будани маро намедоианд.
— Худат медонӣ, охир, баччаи кӣ мешавӣ?
— Намедонам?
— Донӣ, ҳамонро ба ман гўй... Нагўӣ ҳам, худам медонам ва медонам, ки ба чӣ ният ин ҷо омадаӣ.
— Ман ҳеҷ нияти бад надорам...
— Медонам, ниятат нек аст, ба нияти огоҳ кардани валасной омадаӣ, нагўӣ ҳам, медонам... Баъзеҳо дар қасди ҷони Мирзониёзанд ва ту омадаӣ ки...
— Аз куҷо медонед, бобо? – ҳайрон монд қосид. – Пеш аз ман касе омада буд?
— Не, касе наомадааст.
— Ҳамин хел, бобо, ҳамин хел... боёни деҳаҳои боло дар касди ҷони валасноянд, фаҳмидаанд, ки валасной болорўка андозчинӣ меравад, чанд каллабури харидаро фармудаанд, сари валасной биёранд.
— Фиребгарӣ намекунӣ?
— Ин гап ба шумо дурўг, ба худо рост, ба мани бечора чӣ ҳоҷати найранг.
— Матлабу иддаоят чист?

пешина
аз 279
навбатӣ