Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳеҷ чиз, бобо, ман аз рўи холисуллиллоҳ омадам, валасной одами хуб, шаҳид шавад, ҳайф мешавад.
— Ўро намешиносӣ ва чӣ хел дар роҳ шинохта огоҳ мекардӣ?
— Чаро нашиносам, мешиносам, ман ўро рўзи намози одина дида будам.
Бобо ҳайрон монд ва ба фикр рафт, ки чӣ хел марди бечора аз кўҳпора ба иамози одина меомадааст.
— Ҳар намози одина меоӣ ё танҳо он рўз...
— Ҳар рузи одина ба намоз меоям, вагарна ман ин роҳро аз куҷо медонам?
— Хуб, то омадани Мирзониёз ин ҷо мемонӣ ва ҳамин ки худаш омад, ҳама гапатро мегўӣ, – қасдан ва ё ҷиддан арз кард бобо.
— Хўш, лекин дар ин ҷо будани маро ягон кас донад, аз сад ҷонам як ҷонам халос намехўрад, бойҳо ҳамон рўз маро порапора мекунанд.
— Ба болохона баро, касе намебинад...
Бобо барои он ин корро кард, ки рафту қосид бо ягон нияти дигар омада бошад ва мақсадаш хабар овардану хабар бурдан бошад ва ё ҷои Мирзониёзро муайян кардан бошад, бояд ки зуд баргардад ва ба чунин кор боз мондану дер рафтан розӣ намешавад, вале ў, ки номашро Латиф гуфту писари кӣ буданашро исрор накард, ба дили бобо ҳоло ҳам шубҳа буд ва ҳамин ки болохона баромада баҳузур нишаста нону чой мехўрд, шубҳаи бобо бартараф мешуд.
Як рўз гузашт, ду рўз гузашт, се рўз гузашт, аз Ниёз дараке набуд ва касе хабаре ҳам намеовард ва ҳар боре ки бобо беруни дарвоза баромада меомад, Латиф аз ў мепурсид, ки омаданд ё не? Ва баъзан пурсиданҳои ў ба бобо намефорид, гумонҳо майнаашро гиҷ мекард. «Боз ин одам маро гумроҳ накунад? Ба Ниёз ягон кор шуда бошаду ин кас бағали маро бо чормагзи пуч пур карда, ин ҷо дошта шинад». «Росташро гўй, туро кӣ фиристод?» «Ҳеҷ кас бобо, аз рўи муҳаббат ба он кас омадам.» Бобо бовар мекарду бовар намекард; бовар мекард аз рўи ҳарфашу истоданаш, бовар намекард аз рўи ношиносу бегона буданаш ва бе ҳеҷ сабаб ба ин кор ҷаҳд карданаш, бовар намекард аз рўи он ки дар афсонаҳо чунин қосидон бас корҳоро анҷом додаанд, ҳиллагариҳо кардаанд, сабабгори фоҷиаҳо, хонавайрониҳо, бедодихо гаштаанд.
— Мирзониёз наомад, чӣ шуда бошад ба ў? – қасдан назди Латиф гуфт, то ў чӣ мегўяд.
— Ҳа-а, магар роҳи дур раванд, хабар намефиристанд?
— Огоҳ мекард, хабар мефиристод... Ба шумо ҳам хуб нашуд, бе ресмон баста мондам...
— Не-не, бобо, ман аз рўи ихлос омадаам, кадом вақте оянд, сонӣ меравам...

пешина
аз 279
навбатӣ