Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

...Ниёз ҳамроҳи ёронаш нав қадобаро тарк карда ба дашти ҳамвор гашта буданд, ки марди асобадаст пеши аспони онҳоро дошт. Дар тан чакман дошт, дар сар фўтаи кўҳна лачак карда ва ресмон аз болои чакман сахт бар миён печида буд. Маълум, ки хеле тез гашта ба ин ҷо расидааст, нафасаш яка шуда сухан карда наметавонист ва зўр мезад, ки туфашро қулт бурда гулўяшро нам кунад, то чизе гуфта тавонад, аммо забонаш намепечид...
— Мир... Мир... мир-зо... ху-у-да-а-то-она эҳтиёт ку-нед...
Ҳамин қадар гуфт ва забонаш аз кор монд, ба рўӣ Ниёз нигарон меистод ва Ниёз намефаҳмид, ки чӣ асрорест. Аз асп фаромад, мардакро ба замин нишонд, худаш низ паҳлўяш нишаст, ресмони сахт бастаи миёни ўро кушод, ки шояд нафасашро танг кунад.
— Чӣ шуд? Заданд? Азоб доданд?
— Не, – сар ҷунбонд ў ва паст-паст ба сухан даромад: – Мана не, шумоя куштанианд... Дуздон... Дар Кошона... Дар хонаи бой...
Ниёз ба ёронаш нигарист ва ба Раҷаб фармуд, ки ин мардро дар пушти аспаш савор кунад... Онҳо аз роҳ гаштанд ва ба сойчае даромаданд, то маслиҳату машварат кунанд ва то торик шудан дар он ҷо монданд ва ҳамин ки ҳама ҷо ором шуд, ҷилави аспонро сўи Кошона гардонданд. Насими рўди Зарафшон ба сару рўй мезад, сагони деҳа гирогир мекарданд. Марди бечора, ки Абдухолиқ ном дошт, чапғалат занонда онҳоро ба ҳавлии бой наздик бурд ва дарвозаро нишон дода, ба ҳавлие даромад. Ниёз қад ёзонда аз сари девор нигарист, ки дар меҳмонхонаи паҳлўи дарвозахона, дар нимравшании чароғи сиёҳ сарони зиёде меҷунбад, ў фурў нишаста, ба Яъқуб фармуд, ки нигоҳ кунад ва як-як нигоҳ карда ба рост будани суханони марди бечора имон оварданд ва аз аспҳо зер шуда, дарвозаро оҳиста кушода даромаданд. Магар зиёфатро хўрда буданд, ки баҳси сари Ниёз мерафт. «Дар сари найза меорам» мегуфт яке, «тамоми музофотро гардонда овардан лозим, ки халоиқ бинад...» ва бой нархи сари ўро муайян мекард: «Мол хоҳад-мол, ғалла хоҳад-ғалла, пул хоҳад-пул...»
— Ассалому алайкум! – одоб карда даромад Ниёз. Бой ваъ гуфта парида хест: «Доред! Сайд ба пои худ омад!» Вале Ниёз ба бой эътиборе надода, ба пас нигарист. Ёрон зада даромаданд, ҳама шах шуданд. Бой гурехтанӣ шуд, доштандаш.
— Сари Ниёз ба кӣ лозим шудааст? – пурсид Ниёз, вале ҷавобе нагирифт.– А, бой! Ба шумо лозим? Чанд пул нарх мондед сари ўро? Боз ҳимматро паст нагирифта бошед?.. Ҳиммат баланд бошад, худаш меояд... Пулро ба ман диҳед, сари ўро меорам!..
Бой, садо кунед, ки аз сандуқ нархи сари Ниёзро биёранд, вагарна сари худатон арзон меравад... Ва фармоед, ки корду ресмон ҳам биёранд... Не-е, шумо намебароед, аз ҳамин ҷо мефармоед, – гурехта ўро дида гуфт Ниёз.– Наларзед, бой, наларзед...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо