Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

пул мерафтааст, ҷон не-.ку!
Сонӣ Ниёз суханро бо ў қатъ карда, ба аҳли давра нигарист ва нигоҳаш ба ҷавонмарди сиёҳи паҳлавонсурат қарор гирифт, ки телпак пасопеш пўшида буд. Чашми Ниёз андаке танг шуд, ба ёд меовард, ки ўро дар куҷо дида бошад. Ҷавонмарди ҳузарб низ сар хам кард ва ба хаёл рафт, ки Ниёз шинохташ... «Бой ба пул додан ҳиммат набошад, ақаллан корду ресмон биёр гуед!» Бой, ки намедонист корду ресмон барои чӣ лозим аст, даҳон намекушод, балки тарсидаю ларзида меистод, ки бо ресмон ё ўро мебандад ё паҳлавонро ва бо корд сари онҳоро бурида, дар сари синаашон мемонад.
— Раҷаб! Аз ин бойҳои мумсик хуни шабушк ҳам намерўяд, ресмону корд биёр!
Раҷаб ресмону корд овард. Ниёз онҳоро гирифта ба бой нигарист. Берун мағал шуд, бой хестанӣ шуд, ки дигар илоҷи зиндагӣ нест, фурсат ғанимат... Ғалмағали берун басанда шуд. «Мана ресмон, – ресмонро ҷониби ҷавонмарди паҳлавонҷусса андохта гуфт Ниёз.– Гиреду дасту пои маро бандед... Ана ин корд, сарамро мебуред... Сонӣ ҳиммати бойро мебинед...
Ҳама ҳайрон, фақат бой ба дузди зархарид менигарист, ки фурсатро аз даст надиҳад, кордро чанг зада гираду ба ин меҳмони нохонда ҳуҷум оварад. Вале ў сархам менишаст, на ба бой менигарист ва на ба корду ресмон, яқин фикр мекард, ки ин чӣ хел кас бошад, ки барои марги худ теғ медиҳад...
— Фақат исматонро гўед, то ман дониста мурам, ки қотилам кист?
Ҷавонмард сар боло карда рост ба чашми Ниёз нигарист. «Ман то ин вақт худамро мард мегуфтам, лекин марду мардиро намедонистаам...» Ў дароз шуда ресмонро гирифт ва ба ҷавони дар паҳлўяш нишаста дароз кард: «Дасту пои маро бубанд...» Ва он ҷавон ресмонро ба ҳамроҳи дар паҳлўяш буда дароз карда сухани парики аввалро такрор кард ва ресмон давр зада то бой омад. Бой ресмонро боз ба Ниёз дароз кард:
— Дасту пои моро бубандед, Мирзониёз, мо шуморо нашинохта будаем, шуморо дигар хел шиносонданд: қотил гуфтанд, ғаддор гуфтанд, ҷаббор гуфтанд, вале як кас нагуфт, ки ҷавонмард аст, баландҳиммат аст, волоназар аст... Бубахшед, Мирзониёз...
Ниёз ресмонро баргардонда ба Раҷаб дод, вале кордро аз рўи хона набардошт, то бинад, ки кадоме чашми ўро хато карда, онро мебардорад.
— Номи ман Сўяр, – корди наздашро гирифта пештари Ниёз гузошт ва суханашро давом дод, – вале ном ба кас чизе намегўяд, Мирзониёз, – суханонаш бурро мебаромад ва Ниёз пай бурд, ки тарсу биме надорад. – Дар ҳақиқат мо дар қасди ҷони шумо будем...

пешина
аз 279
навбатӣ