Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

аз нодонӣ, Мирзониёз... Ба лафзи ана ин хел бойҳои муттахам бовар карда, дар қасди ҷони шумо шудем, акнун фаҳмидем, ки фиреб хўрдаем... Мо ёри шумо, Мирзониёз... То даме ки ин бойҳои мумсикро қатори бечорагон нагардонем, телпакамро роста намепўшам, Мирзониёз... Омин гўед, мехезем!
Бойи паканаи фарбеҳ, ки базўр паҳлўи Ниёз нафас мекашид, саҳл мондааст, ки эзорашро тар кунад, то алвақт ба Сўяр умед баста – дар ҳар сурат аз дасти Ниёз эмин монданашро чашмдор буд, аммо баъди суханони Сўяр умедканда шуд, ҳилаи дигарро пеш гирифт:
— Мирзониёз, пули ҷаримаю андози рўи халқ тайёр...
— Монед, хайротатон мешавад, бой...
Ва Ниёз омад. Бо як дастаи мусаллаҳу савора омад, вале ба ғайр аз чанд тан ҳама барои бобо ношинос буданд ва миёни онҳо ҳамон аспи сафеди савораш одами сиёҳи телпакаш пуштопеш пўшида буд, ки баробари дидан боборо дар ҳайрат гузошт. Ў ба набера нигоҳ мекарду чизе пурсиданӣ мешуд, аммо худдорӣ мекард ва ба нигоҳаш дархостҳо мекард: «Ин ҳамоне ки ту гуфта будӣ, ё дигар кас аст, магар ин хамон аспу ҳамон одам нест?»
— Ҳамон, бобо, хамон... Ҳамоне ки маро таъқиб карда буд, душман буд, ҳоло дўст.
— Ҳе баччам, ишкамба гўшт нашавад ва душман дўст... Чӣ тавр шуд, ки душман ба хона овардӣ?
— Ман инҳоро дар Кошона дарёфтам, бобо... баъд, ҳамааш баъд, ҳоло меҳмонҳоро қабул кардан лозим.
Ҳар кас аспашро дар саисхонаҳо баст, дар сутунҳои дарвозахона баст ва берун аз дарвоза, ҳатто дар саисхонаи ҳамсоя баст ва бобо фармуд, ки Латиф ба обдаста об гирифта ба дасти меҳмонҳо резад, то ба хона дасти ношуста надароянд... Даст шустанду ба хона даромаданд. Ниёз ба бобо нигоҳ кард, ки якҷоя меҳмононро хуш омадед, гўянд. Бобо ба дар омад, асо ба девор такя гузошт ва даст ба дуо бардошт: «Омин, дўстон сарбаланд, сари душманон дар замин, оллоҳу акбар!» Ҳама даст ба рўй кашиданд ва бобо ба одами телпакаш пасопеш пўшида зеҳн монда гуфт:
— Писарам, ман шуморо дар куҷое дидаам, чеҳраатон шинос, магар ҳама вақт ба аспи сафед савор ҳастед?
— Шояд дар бузкашиҳо дида бошед?
— Не, бузкашӣ кори шайтон, аст ман ба ин хел тамошоҳо намеравам, ин хел бузкашиҳо оқибат ба одамкашӣ мебаранд.
Меҳмон мулзам шуд, дигарон низ хомўш буданд, бобо бори дигар «хуш омадед!» гўён даст ба сари сина гузошт ва асояшро гирифта, боз аз зинаҳои болохона фаромада, ҷониби ошхона рафт.
Сабзина чой меҷўшонд, бобо як ба кори ў нигоҳ кард ва паси хона гузашт, ки барои меҳмонон чӣ чорае андешад. Ниёз аз паси

пешина
аз 279
навбатӣ