Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

бобо расида омад ва сабаби меҳмон оварданашонро мухтасар баён кард:
— Он одамро шинохтед-а?
— Шинохтам, аз рўи гуфтаи ту шинохтам.
— Ана бо сардории ҳамин одам инҳо бар қасди ҷони ман афтодаанд ва инро ба ман як марди бечораҳоле гуфт, дар роҳ гуфт, пеши аспамонро дошта гуфт, бовар накардем ва поида-поида рафтем, ки дар ҳақиқат дар хонаи бойи Кошона ҷамъ омадаанд ва нақшаю гуфтор доранд, ки чӣ зайл сари маро гиранд «Як сар фидои шумо» гуфта аз дар даромадам, парида хестанд ва ёрони маро дида шах шуданд... Ваъда карданд, дигар дар қасди ҷони ман набошанд, зеро маро ба онҳо тамоман дигар хел нишон додаанд, дар ҳаққи ман дигар хел гуфтаанд... Акнун ман инҳоро ҳаққи намак карданӣ.
— Аз ҷониби соярў як қосиди дигар ҳам омадаст, – Латифро нишон дода гуфт бобо, – ў айнан сухани он бечорааҳволро мегўяд, ки бойҳои деҳаҳои болорў дар қасди ҷони туанд.
— Ҳамин тавр?
— Ҳо, ҳамин тавр.
Ниёз сар хам кард, «ин чӣ балоест?» Вале фурсати андеша нест, аввал аз ин «дўстон» халос шудан лозим аст. Ба назари ў масъала саҳл нест, барои ҳамин хона пури меҳмон бошад ҳам, касе дар тори сараш зарбаи сахт задагӣ барин гаранг ва карахт шуд, ҳол он ки мебояд ў ғами меҳмонон ва меҳмондориро хўрад, дар ғами хештан афтод ва назди бобо ҳам нарафт, ҳарчанд медонист, ки бобо барои чӣ паси хона гузашт; албатта барои гўсфанде, мақсади Ниёзро фаҳмида гузашт ва интизор аст, ки қассобе даррасад, вале ў қассобро дер мунтазир нашуда, гўсфанди ба нияти тўйи Ниёз бастаашро кашола карда рўи ҳавлӣ овард ва ба Ниёз фармуд, ки хоҳиш кунад, то меҳмон гўсфандро кушад. Ниёз ба ҳайрат ба бобо нигарист ва ў сар ҷунбонд, ки кори бад намешавад. Ниёз сухани боборо нашикаста ба дари болохона ҳозир шуд ва ба сардори даста ру овард:
— Мулло Сўяр, бобом хоҳиш мекунанд, ки сари гўсфандро шумо буред.
Сўяр лафзи ўро нафаҳмидагӣ барин ба ҳамраҳонаш нигарист, ки ў чӣ мегўяд. Ҳамраҳонаш мижа таҳ карданд, сар ҷунбонданд, ки бихезад. Сўяр хеста берун баромад ва се тан ҳамроҳаш берун омаданд, ки пойҳои гўсфандро медоранд, аммо дар асл мақсадашон дигар буд – хавф бурда баромаданд, ки онҳо бо сарварашон коре накунанд. Ва рўи ҳавлӣ баромада гўсфанди дар танаи зардолу бастаро дида, бовар карданд, ки гўсфанд куштан лозим будааст.
— Магар дар таомули шумо меҳмон гўсфанд мекушад ё шумо ният карда будед? – ба бобо наздик шуда пурсид Сўяр.

пешина
аз 279
навбатӣ