Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Ҳо, ман ният карда будам, ки шумо аз дарам дароед, худатон бояд сари гўсфандро буред, – изҳор кард бобо, вале сабаби чунин ниятро шарҳ надод, шарҳ надод, ки ту нияти сари Мирзониёзро гирифтан доштӣ, номурод нашавӣ, номуродии ҷавонмард гаронтар аз марг аст; шарҳ надод, ки ин як шукргузорист ва бо ҳамин ту қаноат мекунӣ, ки хун рехтӣ.
— Ман сари гўсфандро мебурам, лекин пўст канда наметавонам... Ориф пўст мекапад, қассоби мо ҳамин, – марди ҳамроҳ берун баромадаро нишон дода, гуфт Сўяр.
— Кори шумо. нияти мо ба ҷо оял, мешавад.
Ориф гўсфандро афтонда куллук кард ва ҷониби қибла дошта, гулўяшро ба бехи дарахти зардолу рост дошт, то хун зери пой нарезад, сонӣ ба Сўяр ишора кард, ки сари онро бибурад. Сўяр корд аз наём кашида, бо ду гўши гусфанд чашмони онро пўшид ва чизе хонда ба дами корд куф кард ва корд ба гулўи ҷонвар ронд.
Сўяр хуни кордро ба пашми танаи гўсфанд пок кард, неши онро ба миёни душохаи дарахт сахт зад ва наём аз миён кушода паҳлўи он гузошт ва ба бобои андаке дур рафта муроҷиат кард:
— Бобо, фотиҳа диҳед, ки охирин каллабурии ман бошад!
Бобо пеш омада ба корд банди дар танаи дарахт буда нигарист ва даст ба дуо бардошт!
— Душманонро дўст гардон, дўстонро дўсттар, омин!
...Ориф гўсфандро пўсту пора кард ва кабоби чўпонӣ пухт, гўё онҳо дар ҳавлии бобо меҳмон набуданд, балки қатори Ниёз озод буданд ва ҳар чӣ хоҳанд, ҳамон мекарданд... Кабоб хўрданд ва Ниёз аз бобо маслиҳат пурсид, ки боз чӣ кор кунад. «Сабр бикун» гуфт бобо ва ба Сабзина фармуд, ки ҷомахои аз ҳар тўю маърака пўшидаи боборо, ки дар тахмон рах зада буд, гирифта, афшонад ва шуморад, ки чанд донаанд, агар ба саршумори меҳмонон нарасад, аз ягон кас қарз гирад. Сабзина ончунон ки бобо фармуда буд, ҳамон зайл рафтор кард, ҷомаҳо расиданд ва дами дари болохона рост истода, ба Ниёз фармуд, ки худаш ҷомаҳоро назди меҳмонон гузорад...
Сўяр гумон кард, ки мурд; ин пирамарди нуронии ба назар исту бисташ ақлу хирад ўро бе тиру теғ кушт... Ў, ки ба назари ёронаш ҳама вақт кўҳу каппа шуда менишаст ва даму нафасаш мисли оташ буд, ин дам як мушти пар менамуд. Вай тамоми кирдорҳои то алвақт кардаашро, ҳама хидматҳои аз рўи фармудаи бою дороён ба ҷо овардаашро, ғорату роҳзаниҳояшро пеши назар меовард ва ҳеҷ кадоми онро ба зарбаи ин пирамарди доно баробар карда наметавонист; хунрезиҳои ў кам набуданд, аммо ба мисли фаввораи гардани гўсфанди сарзадааш фаввора задани хунро надида буд, шояд ҳамин хел фаввораҳои хун буданд, лекин ба чашми ў нанамуда буданд. Вай барои ин чизҳоро дидан, мушоҳидаю муқоиса кардан фурсат надошт, ҳама корҳои ў мисли бод гузарон ва монанди теғ тез буданд, ки баъди рондан сари буридаро ба ҷояш нишонда намешуд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо