Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва баъди ин чӣ бояд кард? Наход ки ў аз ҳама ҳунарҳояш даст кашад: аз хупрезӣ, тохту тороҷ, дастдарозию зўрӣ... ҳатто дастзўриҳо ҳам... «Ту падар дорӣ? Ё аз осмон ҳамин тавр афтодаӣ?» ҳамин хел ҳарфҳоро ҳам шунида буд, вале нашунида меангошт, кори худро мекард. «Кадом модари шўрбахт туро зоида бошад?» вақти ба мелаи духтаре чанг андохтанаш садо меомад, аммо дар тохти асп ва тундии бод ба гўши ў намедаромад, дар чунин фурсатҳо ў кўр буд, кар ва лол, вале аспаш мисли бод буд, теғаш мисли алмос ва маконаш хонаи мардум, кўҳу камар, худаш медонист, ки аз ҷинси башар нест; худо ўро яккаву ягона офарида, ки ҳар зўрдасте бошад, ў бояд бар он забардастӣ кунад, фирўз бошад. Бойи кошонагӣ ҳам чунин хислатҳои ўро дониста, киро кард, то бар ивази тилло сари Ниёз барояш оварад. Хато шуд, ба дом афтод. «Шояд ин кори бойи беимон бошад.»
— Мулло Сўяр, хезед, ба китфатон ҷома андозанд...
Сухани бобо хаёли ўро пароканда кард ва як тори асабаш оташ расондагӣ барин сўхт, аввалин бор пай бурд, ки ў ҳам сар дорад, дил дорад, мағз дорад ва дар бораи чизе андеша карда метавонад.
— Чӣ лозим буд, бобо, – калтак кардани ўро дониста гуфт Сўяр
— Не-не, хезед, Мирзониёз ба китфатон ҷома андозад... Муборак шавад! Мезебад!
— Ба дўстон муборак шавад, бобо!
— Офарин!.. Офарин! Боракалло!
Сўяр нишаст ва то ба китфи дигарон ҷома андохта муборакбодӣ кардан хаёлаш ба ҳазор кўҳу биёбон рафт: «Душманро ба шакар куштаанд.» Зан не, фарзанд не, дар не, хона не... Аслу насаб номаълум, ба касе исми падар гуфта наметавонад – ғўли биёбон, яғмогари гўристон, кафан аз тани мурда ва сақич аз даҳони зинда мерабояд... ва бо чунин ҳунарҳо ифтихор дошт, ёрони вафодор дошт ва ҳоло намедонад, ки ҳамаи онҳо ба рафтори ў розӣ ҳастанд ё не, шояд онҳо аз яғмогарӣ, турктозӣ ва муфтхўрӣ даст накашанд, шояд ин корҳо ба онҳо писанд бошад, шояд тани ба кору меҳнат тобовар надошта бошанд. «Кори онҳо, чор тарафашон қибла.»
Наход ки дигар аз зери суми аспи ў гард нахезад, аз зарбаи наъли аспи ў сангҳо шарора напошанд... Ў ба рагҳои барҷастаи пушти дастонаш нигарист: «Ба кӣ лозим ин зўру бозу?» ва аввалин бор бар зўру теғ зафар ёфтани ақлу фаросатро дид. Оҳиста сар бардошт ва бобо нигоҳашро, ки пайваста ба ў дўхта буд ва ҳар рафтору ҳаракати ўро мушоҳида мекард, аз ў баргирифт, ба аҳли давра дўхт ва чунон вонамуд кард, ки ба ҷомапўшонии Ниёз диққат медиҳад, вале пай мебурд, ки Сўяр ба вай менигарад, ба Ниёз менигарад, гуфтанӣ дораду намегўяд. Ҳамроҳонашро як-як хезонда, ҷома пўшондани Ниёз гуворо бошад ҳам, ба ў сахт мерасад; гўё ба дили ў корд мезананд.

пешина
аз 279
навбатӣ