Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

«Гумон накарда будам, ки баландтар аз ман кас бошад... Ниёз мегуфтанд, хомўшак хаёл мекардам»
– аз рўи аклу фаросати худ ҳукм мекард. «Баъди ин ҳам зиндагӣ кардан арзанда аст ё...»
— Ба ҳамаатон муборак шавад!– риштаи хаёли ўро барканд бобо, – Ба касбу корҳои некатон барака диҳад, омин!
Ҳама хестанд, Сўяр шах шуда буд, хеста наметавонист, дурусташ: ба худ наомада буд, вале то ў хеста аз дар баромадан ҳама рост меистоданд, вай баромад, дигарон низ.
— Шумо ҳам қатори Мирзониёз ҳар вақт аз ман хабар гиред,
– ҳангоми хайрухуш гуфт бобо ва Ниёз онҳоро то беруни деҳа гуселонд.
Сўяр аз асп фаромада Ниёзро ба оғўш кашид ва оби дида кард ва боз ба аспи сафеди думсиёҳаш савор шуда ба роҳ даромад...
...Баъди се рўз хабар омад, ки Сўярро дар дўлонаи калони роҳи Кошона овехтаю мурда дарёфтаанд, вале касе намедонад, ки ўро овехтаанд ва ё худаш ин корро кардааст... Ба ҳар ҳол он рўз Сўяр ҳамаи ёронро ҷавоб дода, гуфта буд, ки рўзи дигар сари субҳ дар зери дўлонаи калон ҷамъ меоянд ва ёрон ўро овехта дарёфтанд. Ниёзу бобо ба фикру хаёл заданд, ки сабабгори фоҷиаи ин ҷавонмард шуданд... Ниёз фикр мекарду сар меафшонд, ки мард ин хел ҳам мешудааст ва боз ба хаёл мерафт, ки шояд ин худкушӣ набошад, балки рафтори ў ба ёронаш хуш наомада бошад, ё шояд кори бойи кошонагӣ ва бойҳои дигар бошад, ки ў бо волии Киштўд забон як кардааст... Ниёз дергоҳ ба худ наомад, мотам гирифта буд: «Сўяр бойҳоро бечораҳол мегардонем, гуфта буд, наход ки худкушӣ карда бошад.» Ва Ниёз аспашро зину банд кард, ба бобо ҳам асп тайёр карда, роҳи Кошонаро пеш гирифтанд.
Ниёз намедонист, ки Сўяр аз куҷост, ба ҳар ҳол роҳи Кошонаро пеш гирифт, ки аз бой дарак ёфта, ба манзили ў равад. Ва онҳо роҳро нисф карда буданд, ки аз пас саворон омаданд, бобо хавф бурд, Ниёз фаҳмонд, ки ёронанд. Ва онҳо якҷоя шуда то дўлонаи калон рафтанд ва дар шохи баланди он банди буридаеро диданд, ки як ҳалқа гашта, ҳамоил меистод. «Дар шохи баланд касеро овехта намешавад, ин кори худи ўст». – Як лаб ресмони буридаро дори Сўяр пиндошта гуфт бобо ва Ниёз яқин кард, ки ў худкушӣ кардааст.
— Хуни ў ба гардани мо мешавад, бобо?
— Не, ў ҳаром мурдааст, хун надорад, – шарҳу эзоҳ надода яклухт гуфт бобо.– Ҳатто барои ў ҷаноза раво нест.
Ба назари Ниёз намуд, ки бобо дилсард аст ва як вақтҳо ба назари ў ҳамин хел менамуд, ҳоло низ аз худкушии Сўяр афсўс намехўрад, балки нафрин дорад ва рафту бармегардем, ба ў фотиха норавост, гўяд, маҷбур, ки Ниёз аз роҳ баргардад, фақат барои боборо то манзил расондан, вагарна ҳамин раҳ то губерния рафта Власовро хабар гирифта омаданӣ буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо