Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Хонаи ў куҷо бошад? – мушкили Ниёзро осон мекардагӣ барин пурсид бобо, – Гўраш дар кадом қабристон бошад?
— Аз кошонагиҳо мепурсем, бобо.
Саворе омад, харсаворе... хари лаванди ў чунон мегашт, ки саворро хоб бурда ба гаштан ё нагаштани хар кордор набошад; дастон ба пеши полон тира карда, вазн бар онҳо партофта ва сар ба зер афканда мерафт ва аз дур нанамуда буд, ки ў сар дорад, савори бесар барин ва ҳамин ки наздик шуд ва хараш гўшҳояшро бардошта ҳанг зад, ў гўё бедор шуд ва сар бардошта ба атроф нигарист; гўё чунин рафтор барои ў одат шуда буд, ки ҳар ҷо хараш ба саворе, улаве, сайде наздик шавад, наъра мезанад ва ў сар аз пинак бардошта ба атроф менигарад ва киву чиро мебинад.
— Саломун алайкум! – саворонро дида одоб кард он мард ва дар он ҷо ҷамъ омадани онҳоро дида, яқин кард, ки аз хешовандон ва ё меҳмонони Сўяр ҳастанд ва сари хар ба зарби халачўб ҷониби онҳо гардонд.
— Ваалайкум бар салом! – алейк гирифт бобо.
— Якин хешовандони Сўяр мешавед?
— Хеш не, ошно, – ҷавоб дод Ниёз.
— Ҳа-а... Э, бобои Наврўз нестед? – аз пушти хар зер шуд савор ва омада бо бобо ва дигарон вохўрдӣ кард.– Ба фотиҳа омадед?
— Ба фотиҳа омадем, манзилашро намедонем.
— Мурдаи ўро бурданд, бобо, ў аз пушти ағба будааст...
— Чӣ хел шуда...
— Худашро куштааст – овехтааст.
— Ин рост аст?
— Рост аст, бобо... Ба ёронаш гуфтааст. ки мисли Мирзониёзу бобояш мард бояд шуд...
Бобо аз тахминаш ҳаросид: «Ўро мо куштем». Ба Ниёз нигарист, гўё Ниёз фикри боборо айнан хонд, ки сар хам кард, гунаҳгор барин. Аҷаб! Душмани ҷонаш мурдааст, ў ғам мехўрад... Ниёз вонамуд кард, ки чунин фикр надорад. Нигоҳашро ба қаторкўҳи офтобрўяи Зарафшон равона кард, сар тоб дода ба дарёобод зеҳн монд, пасон ба дўлона; шохи баланд ва дори буридаро дид: «Чаро ин қадар баланд баромада бошад? Шояд барои аз чашмҳо пинҳон мондан бошад...» Ў намедонист, ки Сўяр чаро худро ин қадар баланд овехтааст, вале медонист, ки ин зайл дори баландро аввалин бор мебинад ва шояд охирин ҳам бошад...
— Меравем? – ба хаёл рафтани Ниёзро дида пурсид бобо.
— Ҳо, меравем...
... Бобо аз наомадани онҳо хавф бурда, аз он ки новақт омаданд, тарсид. То рўз хобаш набурд. Ҳар ранг фикру хаёл ба сараш омада, Ниёзро наздаш хонд, то баъзе андешаҳояшро бигўяд.

пешина
аз 279
навбатӣ