Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ту хурд нестӣ, Мирзониёз, худоро шукр, соҳиби мулк...
Ба сари қоқ гаштанат хуб нест. Дар синну соли ту соҳиби зану фарзанд мешаванд.
Ниёз андешаманд ва сархам меистод. Дили ў кайҳо ин чизро мехост, имкон, ки надошт, ба як сағираи пойлуч кӣ духтар медиҳад, гуфта, аз ин боб ҳарф намезад.
— Ман мехоҳам, ки саратро ҷуфт кунам, Мирзо-ниёз. Ин қарзи ман...
Ниёз гумон кард, ки гардани хамаш шириқӣ шикаст. Ва барои он ки дар назди бобои боэҳтиромаш худро аз даст надиҳад, андаке сар бардошт.
— Чӣ гуфтӣ? Ҳар касеро хоҳӣ...
— Ман касеро намешиносам, – оҳиста ва мутеона гуфт ў.
— Гап байни худамон, Ширбадан мешавад?
— Намедонам...
— Фикр бикун, – мўҳлат дод бобо ва бархоста аз меҳмонхона баромад, то Ниёз хуб фикр кунад ва бароҳат хоб равад.
Ниёз мехост, ки Сабзинаро дида бо ў маслиҳат бикунад, зеро ў Ширбаданро надидааст ва намедонад, ки ўро пеш овардани бобо чӣ маънӣ дорад, албатта ў девор дарун афтад мегўяд, намехоҳад, ки набераю абераҳояш бегона шаванд...
Вале чӣ муаммоест, ки Ниёз Сабзинаро надида ва маслиҳат накарда, ҳарфе ки миёни шаб байни бобою набера шуда буд, даҳон ба даҳон мегашт. Намозу занаш овоза карданд, ки Ширбадан пес аст. Ва боз гуфтанд, ки бобои Наврўз наберааш Ширбадан, духтари Хуршедмоҳ ва Мирзобадалро ба Ниёзи берўзӣ дода, бақияи умри ўро хазон карданист. Сонӣ Намоз ба назди падараш бобои Наврўз даромада маслиҳат кард, ки Ниёз Ширбаданро нею духтари ў Маҳтобро гирад. Номаш ба худаш як рўяш моҳтобу рўи дигараш офтоб будааст; зеботарин духтари Некон. Вале бобои зирак «ихтиёр ба худи Ниёз» гуфта кори худро осон кард...
Ниёз назди Сабзина рафт. Сабзина намедонист, ки Ниёзро куҷо шинонад. Аёз ба ҷои падараш, Сабзина ба ҷои модараш як ҷо нишаста сўҳбат ва маслиҳату машварат карданд.
Сабзина гуфт:
— Баччем, ин гапҳо дар ҳаққи Ширбадан тўҳмат аст. Бовар накунӣ, духтарро бубин. Онҳо ин тўҳматро аз рашқу ҳасад баровардаанд, то ту аз баҳри Ширбадан бароиву Моҳтобро гирӣ...
Боз худат медонӣ... Бидон, ки аввал номи Ширбадан Ховар буд.
Диданд, ки ў мисли шир покиза ва сафед аст, Ширбаданаш ном карданд. Баччем, ба гапи дигарон бовар накун. Ягона касе, ки дар дунё дорам, ту ҳастӣ, намехоҳам ба поят хор халад.
— Чӣ хел ўро дидан мумкин?
— Шарт мемонӣ, нишон медиҳанд.
— Рўяшро мебинам. Касалӣ дар баданаш бошад чӣ?

пешина
аз 279
навбатӣ