Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Дониста бош, ки бобот ба ин чиз иҷозат намедиҳад. Агар ту ба ман бовар дошта бошӣ, ман ин корро мекунам.
Ниёз чизе нагуфт. Сабзина фаҳмид, ки ў ин чизро намехоҳад
– Маслиҳат мекунем, оча, – гуфта аз дар баромад.. Аз ин сухани Ниёз дасту пои Сабзина суст шуда бар остонаи дар бинишаст...
Дар саҳни ҳавлӣ духтараки пастаки гуммача, ки аксар духтарони ин обрав ҳамин тавранд, дар даст ҷорўби дароз ҷониби дарвоза мерафт. Кокулонаш майдабофт ва дар сар тоқии гирда дошт. Гўё ў Ниёзро надид, ки аз рўи одати духтарони ин ҷо рўй напўшид. Ё қасдан чунин рафтор мекард, ки Ниёз ўро дурусттар бинад. «Маҳтоб!» садо кард Сабзина, ки духтарак Ниёзро дида рўй пўшад, аммо духтарак барқасд ҷамолашро ба ҷавои намуд.
Ниёз дид, ки ў гандумранг аст ва дилрабо. Фақат қадаш паст. Пурра. Ҳамин пуррагиаш ба духтари қассоб мемонад. Ниёз вақтҳои аз Қошғар омаданаш ин духтарчаи фискашоларо дида буд, ки ҳамроҳи бародаронаш давутоз карда мегашт ва ёри онҳо шуда, назарногирона Ниёзро масхара мекард, забон нишон медод. Дар тўли ин солҳо ў чунон дигар шудааст, ки шинохтан муҳол аст.
Вай расидааст. Вале Ниёз ҳоло андеша ҳам намекард, ки духтарак қасдан ва қасдан худнамоӣ баромадааст, ки Ниёз дида хуш кунадаш. Вале Ниёз аз рафтори ў чунин донист, ки вай барои кўчарўбӣ баромада бошад. Духтарак беруни дарвозаро мерўфт ва баробари аз дарвоза берун шудани Ниёз ў чоки гиребонашро дошта, пушт ба ҷавон гардонд, ки шарм карда бошад. Ва чӣ найранге буд, ки ҷорўбашро низ аз даст ба замин партофт: гўё ба Ниёз фаҳмонданӣ буд, ки кўчарўбӣ ба вай намезебад, балки ўро фармудаанд, ки чунин рафтор кунад. Вай ҳар кор кунад-накунад, бо чунин қаду басташ ба Ниёзи тануманд хуш намеояд.
Ниёз чизе нагуфта эътиборе надода бирафт. Бо Сабзина хайр гуфту бирафт, вале Аёзи амакаш ўро ҳамрохӣ мекард. Ҳамин ки Ниёз аз назди онҳо дур шуд, духтарак тохта назди Сабзина омад.
Ин чизро Ниёз дид, вале надида ангошт.
...«Ман зан намегирам» ҳамин ҷавобро барои бобояш тайёр мекард ў, вале намедонист, ки ин ҳарфро чӣ зайл ба бобояш гўяд
– бо кадом забон? Ба рўи ин пирамарди боэҳтиром ҳар хел гапро гуфта намешавад. «Ман зан намегирам» гуфта намешавад. Ба вай фаҳмондан лозим, ки барои чӣ зан намегирӣ. Сабабашро ба ў фаҳмондан лозим аст. Вагарна ў ҳар хел фикр мекунад Шояд :
дар Урусия зан гирифта бошад, мегўяд.
— Чӣ кор кардӣ, Мирзониёз?
— Чиро? – мақсадро нафаҳмида пурсид Ниёз.
— Масъалаи хонадориро...
— Ҳоло не, бобо... ҷой нест, манзил нест...
— Ба гўзин орди ҷав баҳона! Ана ҷой, ана манзил! – даст кушода болохонаро нишон дод бобо.

пешина
аз 279
навбатӣ