Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман зан гирифтанӣ не...
— Магар шў мегирӣ? – аз шасташ намегашт бобо. Ў барои он чунон муомила мекард, ки мартабаи худро медонист. Кас ба чӣ мартабаҳое расад ҳам, эътибор ва мартабаи падар болост. Ҳоло ў падаркалон буд, ва то ҳол ҳуқуқашро аз даст надодааст. Вай мисли падархудост. На танҳо барои Ниёз ё ин хонадон, балки барои ҳамаи некониён ва ҳатто барои ин обрав. Вале дар ин маврид танҳо аз як чиз истиҳола мекунад: дар вақташ Ниёзро ҳамчун набера надониста буд. Рафту Ниёз ҳамин нуктаро пеш орад, пирамард намедонад, ки чӣ ҷавоб диҳад.
— Ман медонам, ки ту барои чӣ ин хел мегўӣ...
— Не, бобо, ягон фикр надорам...
— Пас, чаро ҷавонмард зан намехостааст? Магар дар Урусия зан дорӣ?
— Не, бобо...
— Ин не. вай не, чӣ набошад?
— Забонам намегардад, ки...
— Бигў!
— Мегўянд, ки Ширбадан дар танаш доғ доштааст...
— Чӣ-ӣ-ӣ!!! Бадани Ширбаданро кӣ дидааст? – пуршаст хест бобо ва гўё ки тори дилаш канда шуда бошад, даст ба рўи дил бурд. Ниёз ҳаросида ўро боздошт, вале вазни гарони ўро дошта натавониста базўр ба замин нишонд, баъд хобонд. Вай аввал гумон кард, ки бобо найранг дорад. Вале дид, ки нафасаш дарун зада, рангаш канд ва лабонаш кабудча гашта, сахт ба ҳам фишурда шуданд, тарсид. Аз бетаҷрибагӣ, аз нотавонӣ тарсид ва рафту ягон кору ҳол шавад, Намози баҳонаҷў ўро хомохом мехурад.
«Бобо, ман шунидаамро гуфтам... Тавба кардам» сухан тайёр мекард Ниёз, вале гуфта наметавонист. Ва агар ҳозир ин гапро гўяд ҳам, бобо намешунавад.
— Чи-ӣ гу-уфтӣ? – гуё суханони аз дил гузаронидаи ўро шунида бошад, пурсид бобо.
— Гуфтам, ки ҳазл кардам... Аранге ҳамин хел шунида будам...
Ва бобо сари андаке бардоштаашро бозгузошт.
— Чӣ хел забонат рафт?...– паст-паст гуфт бобо. – Магар худат калла надорӣ?.. А? Ақл надорӣ?... Дар дунё аз одами гаправ бадтар ва хавфноктар касе нест... То ба чашмат набинӣ, то ба гўшат нашунавӣ, ба ҳеҷ гап бовар накун. Як кас аз рўи дўстӣ гўяд, сад кас аз рўи душманӣ мегўяд... Э-э-э, ман туро боақл гуфта будам...– гўё ў суханашро хулоса кард, ки хомўш монд. Канда-канда, мисли касе, ки вопасин ҳарфашро мегуфта бошад ё ба фарзандонаш васият мекарда бошад, сухан мегуфт. Ниёз кўшиш мекард, ки ба ў халал нараеонад. Аз вазни гарони сари ў пояш дард карда бошад ҳам, ором меистод. «Об!» оҳиста гуфт бобо. Ниёз сари ўро оҳиста ба замин гузошта хест, ки об биёрад.

пешина
аз 279
навбатӣ