Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Ў шунида буд, ки инсон дар вопасин нафасаш аз дунё ба ҷуз об талабе надорад. Вақте ки ҷонаш сўхт, об мехоҳад, вақте ки аз ҳолат рафт, об мехоҳад, сахт сер бошад ҳам, об мехоҳад, сахт гушна бошад ҳам, об мехоҳад.
«Об!» Ў тохта рафта ба мискосае ки дар назди шарроки паҳлўи хона меистод, об оварда сари боборо якдаста ва эҳтиёткорона бардоштанӣ шуд, вале зўри дасташ нарасид. Ў гумон накарда буд, ки бобо дидаю дониста вазни сарашро андохта зўри ўро имтиҳон карданӣ бошад. Вале вақте ки Ниёз косаро ба замин гузошта сари боборо дудаста бардоштанӣ шуд, бобо ковок шуда майли об хўрдан кард. Аввал як ҷуръа об хўрд, баъд кафтаркаш нисфи оби косаро даркашид ва монда шудагӣ барин нафаси дароз баровард.
Ва боз сар ба замин гузошт.
— Ин хел накунед, бобо, бихезед, – хоҳиш кард Ниёз.
— Худо ба ту умри об диҳад, – гап дигар кард бобо.
Ниёз ба ин сухани маъмули кўҳистониён, ки бобо ба ҳар каси об дода чунин мегуфт, эътибор дода ба вай миннатдорӣ кард, вале намедонист, ки илоҷи ўро ба хона даровардан чӣ гуна мешавад. Бобо кўдак нест ва ё аз касони резапайкаре нест, ки Ниёз бардошта дарорадаш; барои бардошта даровардани ў се-чаҳор тани бақувват лозим аст. Илоҷаш ҳамин ки худаш бархеста дарояд. Ниёз ин чизро медонист ва боз медонист, ки бобо чандон беёд нест, ки ўро бардошта дарорӣ, бо вуҷуди он хам шуда зўри бардоштани ўро кард.
— Зўри беҳуда миён мешиканад, – ба гўши ў андарз мехондагӣ барин гуфт бобо.
Ниёз дастони ба зери гардани ў ҷо кардаашро баргашта гирифт.
— Туро кӣ бероҳа кард? – нохост пурсид бобо. Ниёз касе ўро як шаппотп задагӣ барин як қад парида ҷавоб дод:
— Ҳеҷ кас!
— Ҳа-а-а... Пас ин гапро бофта баровардӣ? Не-е-е, ту ин гапро бофта наметавонӣ, чунки фикрат ба ин тараф намеравад. Агар ақлат давад, савол мекунӣ, ки чаро номи ўро Ширбадан монда бошанд, вале ба дигар гап ақлат пеш намеравад... А, кӣ ёд дод, ки ту аввал ўро бинӣ? Кӣ? Боз бадани ўро... Медонӣ барои ин кор туро чӣ кор мекунанд? Барои забонат ба ин гап рафтан забонатро мебуранд, барои диданат чашматро кофта мегиранд. Фаҳмидӣ?!
Ту дар мамлакати бегона калон шудаӣ, ин ҳарфҳоро намедонӣ ва ба ту нагуфтаанд, ки эҳтиёт бикун... Ин чиз миёни ману ту. Лекин дониста бош, ки чашми номаҳрам набояд ба тани духтар расад.
Ин ба марг баробар аст... Акнун маро бардор... Хор шудам, дар умрам ин хел ҳарфро нашунида будам. Шукр бикун, ки аз худи худам будаӣ, вагарна...
— Ин савдои мол не-ку, бобо...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо