Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман ба ту духтар савдо накардаам ва дар таомули мо – кўҳистониён ин хел гап нест. Раводиди падару модар, худованди он хонадон ба касе бахшад, бахши ҳамон мешавад. Пунбаро аз гўшат гир! Ҳоло ман намурдаам!...
Бобои Наврўз бархеста як даст ба сари дилаш, қоматашро хам кард: ба хона даромад. Ниёз ба вай мадад карда дароварданӣ шуд, вале ў дасти ўро тела дода, даруни хона шуд ва дарро ба рўяш баст.
Ниёз безобита шуд, дилаш ба танг омад, ки мардум чунин муносибати ўро бо пири ин диёр шунаванд, ба вай механданд.
Хуб мешавад, агар мардум аз ин арздошти онҳо ва радду бадали сухан огоҳ нагарданд. «Шумо хафа нашавед, бобо, ман духтарро надида намегирам» ба бобо арз карданӣ мешавад ў, вале медонад, ки бобо ба ин суханаш чӣ ҷавоб медиҳад. Ниёз рўи ҳавлӣ мегашт ва парешон буд, ки ҳоли пирамард дар хона чӣ шуда бошад.
Ҳамин дам дари хона боз шуд. Бобо бо асо табақаи дарро тела дода ва асоро болотар бардошта, дами дар таъкид кард:
— Майлат, ман розӣ. Лекин бинию нагирӣ, бо ҳамин асо ҷурғоти саратро зада мебарорам....
Ниёз ҳайронтар шуд, ки чаро бобо аз ин гиреҳ сар кард ва ларзидани дастони ўро дида, суханашро тасдиқ кард:
— Гуфтаи шумо шавад, бобо!...
Бобо ба Ниёз сухан карданӣ набуд, балки дигаронро меҷуст, аз хонаҳо, ошхонаю, саисхонаю атроф касеро пайдо карданӣ мешуд, ки матлаби ўро ба ҷо орад.. Ниёз аз тараддуди бобо пай бурд, ки касе лозим аст. Ў рафта Сабзинаро пайдо карда омад. Вай ба назди бобо рафт ва миёни онҳо чӣ ҳарф шуд, барои Ниёз торик буд. Сабзина баромад, вале ба Ниёз чизе нагуфта баромада рафт.
Ба назари ў расид, ки коре мешавад, ки ба афсона мемонад ё ба он қисса, ки зани бегуноҳ аз дасисаю макри даллолае қурбони корди шавҳараш гашта буд: Даллола дар гармоба дидааст, ки дар шонаи чапи занак холест. Ин нишонаро ба марде гуфтааст ва он мард ки ба шавҳари ў қасд доштааст, тўҳмат карда ва барои бурҳон холи шонаи чапи ўро гуфтааст ва шавҳари бехабараш рўи он хол корд зада занашро куштааст. Макре ҳаст. Ниёз медонад, ки макре ҳаст, вале аз чӣ рў ба ин роҳ меравад, намедонад.
Сабзина ҳамроҳи зане омад ва миёни онҳо каси дигар низ меомад, ки сару рўй печида буд ва ягон ҷои узваш наменамуд, ки ранги пўстӣ ўро кас бинад, гумон, ки офтоб бадани ўро дида бошад. Ҳатто нўги даст ва ё рўи пояш ҳам наметофт. Онҳо ба меҳмонхонаи бобо даромаданд ва баъди фурсатҳо Сабзина берун омада ба бобо ишораи сар кард ва бобо сўи Ниёз рў овард:
— Марҳамат, лекин гуфтаи маро фаромўш накун.
Сабзина ба вай чашмак зад, ки дилашро пур гирад ва багурда бошад. Ниёз низ сўи ў чунои номаълум ишораи сар кард, ки ба ҷуз Сабзина касе пай бурда ҳам наметавонист.

пешина
аз 279
навбатӣ