Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Ў ба хонаи нимравшан даромад. Духтараке дар кунҷи хона мисли чўҷаи рамида гардан даруни китфонаш фурўтар кашида, ғунча гашта, ба як мушти пар табдил шудан мехост. Ниёз ўро дид, нишаст ва рўи ўро дид. Дар ҳавои нимторики хона ҳам сафед метофт. Сафед, шир барин сафед, тухм барин тоза. Ҳаққо ки бинандаро дар ҳайрат мегузорад, ки ранги пўсти инсон ба ин дараҷа сафед мешудааст, духтарак мўю мижаю абрўвони сиёҳ дорад, ки рўяш чу моҳ миёни шаб метобад.
Ниёз дар Урусия гашта ин хел духтари сафедпўстро надида буд, ҳол он ки сафедпўстӣ ба онҳо хос аст. «Барои сафедиаш ўро пес хондаанд, – аз дил гузаронд Ниёз.– Пес парча-парча, хол-хол мешавад, ин яклухт»... ва рў ба тиреза овард, ки чаро ин қадар хурд аст.
— Бихез, духтарам, Мирзониёз туро бинад! – хоҳиш кард модар, аз рўи гуфтаи бобо бояд чунин мешуд. Вале духтар наҷунбид.
Модар ва Сабзина медонистанд, ки бобо паси дар истода ҳама ҳарфи эшонро гўш мекунад. «Бихез, духтарам!» боз гуфт модар.
Вале Ширбадан ба ҷои хестан даст бар рўй кашида ба гиря оғоз кард. Ниёз намедонист, ки чӣ гўяд; аз баҳраш баромада дарро боз карда берун шавад ва ё бо ҳамин иктифо карда розӣ гардад.
Ранги ўро дид, ҳусни ўро дид, вале ҳоло ҳам аз гапи мардум дур шуда наметавонад: «Пес».
— Бихез, духтарам, бихез, – суст наомада мегуфт модар ва Сабзина ба вай ёр шуда хоҳиш мекард, ки духтар бихезад.
Ширбадан бихест, вале ашки чашмонаш хушк нашуда буданд.
«Остинатро боло бикун, духтарам» хоҳиши дигар кард модар, духтар ҳаракате накарда рост меистод. Сонӣ модар ва Сабзина аз ду тараф остнни дастони ўро бардоштанӣ шуданд. Ширбадан таппӣ ба ҷояш нишаст ва нагузошт, ки соиди сафедашро ҷавон бубинад.
«Шумо чӣ кор мекунед?» аз масъла бехабар фарёд зад духтар.
«Мирзониёз туро диданӣ». «Дид-ку! Боз чӣ мехоҳад?» Ба ҷавоби сухани ў дар тақ-тақ шуд, ки яқин бобо асо ба дар мезад.
Ниёз ҳайрон буд, ки чаро дуҳтар ин зайл саркашӣ мекунад?
Магар ба ў нафаҳмондаанд? Нагуфтаанд, кӣ чӣ гапу чӣ ҳарф аст?..
Дили ў боз раг зад. Яқин кард, ки гапи онҳо беҳуда набудааст.
Вақте ки аз дили Ниёз ҳазору як хаёл мегузашт, модару Сабзина дастони духтарро боло карда ва остинҳояшро поён фароварда соидҳои булўрини ўро ба ҷавон нишон доданд. Ниёз дид, ки дар ин оинаи булўр доғе нест, бо вуҷуди он ба «бас аст?» гуфта чашмак задани Сабзина розӣ нашуд. «Не!» сар ҷунбонд ў. «Духтарам, духтари ширинам, бубахш маро! Мирзониёз мехоҳад, ки бадани туро бубинад...» гуфт Сабзина.
Баробари шунидани ин ҳарф духтар ба замин парчин шуд ва фиғон бардошт: «Худоё худовандо! Ҷонамро бигир!» ва гўё ки аз даҳшати гўшношунидае дилаш кафида бошад, дамаш ба дарун зад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо