Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

«Ин чӣ савдост? Чаро рўю бадани ман ба вай лозим шудааст?
Тани маро офтоб надида вай бинад? Бобо! Бобо! Бобо!» дар дил фарёд мезад ў, вале баланд гуфта наметавонист.
Модар паҳлўи ў нишаст, даст бар дўши вай гузошт ва лаб ба гўши духтар наздик овард: «Ҳамин корро кардан лозим будааст».
«Чӣ корро?» ба худ савол дод духтар, вале ба модараш нагуфт.
Баракс домони андаке берун мондаро зери пояш ҷамъ кард, ки кушу куртаамро гир, буд.
Дили Ниёз хиҷил буд: намехост, ки ин духтарро азоб диҳад, дигаронро дар ташвиш монад ва аз ҳама бадаш: пагоҳ ин кору рафтор ба даҳони мардум афтад.
— Чӣ лозим ба шумо? – гўё замин таркида балое берун омада бошад, парда аз рўй гирифта сўи Ниёз хитоб кард Ширбадан.
Модар даҳони ўро доштанӣ шуд, вале Ширбадан дасти ўро тела дод.
Ниёз чӣ гуфтанашро намедонист. Гумон кард, ки нигоҳи теғдори духтар дилу ҷигари ўро сўрох кард. Вай мисли хирсе ки аз нигоҳи сўзони сайёд таслим шуда бошад, якбора гашта дарро пуршаст кушода худро пеши пои бобо андохт. Бобо ки ин ҳолатро чашмдор набуд, як қад парид ва худро пас кашид. Вале Ниёз пои ўро сахт дошта буд.
— Маро бубахшед, бобо! Густохии маро бубахшед, бобо!...
— Чӣ шуд? – пурсид бобо ва ба Сабзинаи аз дар берун омада такроран гуфт: – Чӣ воқеа рўй дод?
— Ширбадан...– гуфт ў ва давоми суханаш дар даҳонаш монд.
— Аъ? – парешон шуд бобо ва поп аз оғўши Ниёз берун кашид.
Хона даромад, ки ўро бубинад. Ширбадан ҳоло ҳам ба замин парчин буд.
— Ўро чӣ кор кардӣ? – аз модар пурсид пирамард.
— Бобо! Бобоҷон! Бобо! – гуфта хест Ширбадан, вале суханашро гуфта натавонист.
— Бобои пират ба кокулот садқа, чӣ шуд? – сари ўро ба сари дил пахш карда пурсид бобо. Вале духтар ҳиқ-ҳиқ мегирист. – Хафа нашав, ҳамин хел лозим буд...– гуфта ўро тасаллӣ дод ва аз дар баромад.
— Хафа нашавед, бобо, – ўро дар дами дар пешвоз гирифта сухане, ки ҳоло бобо ба Ширбадан гуфта буд, Ниёз такрор кард.– Ширбадан тани ман...
Бобо, гўё ки ин чиз ба вай одат шуда бошад, аввал қоматашро ҳайкал барин рост кард, сар ҷунбонд ва сонӣ ба сухан даромад:
— Ба ту гуфтам, ба ман бовар бикун, акнун овозаи бадномии мо аз Қоф то Қоф меравад.
— Чӣ бадномӣ? Мо коре накардаем, ки...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо