Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Коре ки мо кардем, бадномӣ аст, Ниёз. Ягон мўъмин ин корро намекунад, магар кофир...
Ниёз фаҳмид, ки ин кор ниҳоят ба бобо сахт расидааст; ончунон сахт, ки ислоҳи он илоҷе надорад ва ў гунаҳгорона сар хам кард ва ба андеша рафт, ки чаро духтари амакаш он рўз ҷорўб гирифта беруни дарвоза мерўфт ва вақти аз дар баромадани ў чоки гиребон дошта, ҷорўбро ба замин андохта ва нигоҳи меҳрубонона афканда, сонӣ шармгинона рў ба дигар тараф тофт. Акнун пай бурд, ки бузбозӣ ва тўҳмати Намозу занаш аз чӣ боис будааст.
Фаҳмо... Лекин Ниёз ба як чиз ҳайрон: чаро бобояш назди халқ эҳтиром дораду назди Намоз не? Назди писараш. Ба ҳама гапаш мегузараду ба вай не? Ё намедонад? Намедонад, ки Намоз ба сари ин набераи сарсахт чӣ рўзҳо овард? Магар намедонад, ки ин носозиро низ ў ташкил кардааст? А? Магар бехабар аст?
— Бобо!
— Ҳа, баччем?
— Ҳамин амаки Намоз писари худатон?
— Баъд писари ман набуда, писари кӣ буд? – як қад парида гуфт бобо.
— Пас чаро ба падари ман ин қадар бегонагӣ кард? Бегонагӣ ҳам не, душманӣ?
— Вай гумон кардааст, ки баъди сари ман мероси зиёде мемонад, тангаю тиллои зиёде дорам, – гап дигар кард бобо.
«Пас шумо ҳамаашро медонистед..» Дар дил гуфт Ниёз ва бобо гўё ки маънии хомўш истодани ўро пай бурда бошад, сар ҷунбонд. Ниёз сар ҷунбондани боборо ба ҳамин маънӣ фаҳмид, вале маънин онро ба ҷуз бобо касе намедонист:» Омад ба сарам, аз он чӣ метарсидам», дар дил мегуфт ў. Вай медонист, ки ҳамин чизро, маҳз ҳамин чизро имрўз напурсад ҳам, фардо мепурсад, вале гумон надошт, ки ў падарашро писари бобо нашуморад. Ва маҳз дар вақти зарурат, фурсати танг қарз барин аз гиребони бобо гирад. Боз дар рўзе ки бобо ўро ба мурод расонидан хоҳад. Бобо боз сар меҷунбонад: «сад афсўс» гуфтагӣ барин. Ниёз парешонии боборо пай бурд ва пушаймонии ўро донист:
— Бобо, ман барои донистани худ ин чизро пурсидам. Русҳо мегўянд, ки ҳар авлод бояд насабномае дошта бошад... Вале ман...
ақаллан падари худро хуб намедонам...– Ниёз тавақкуф кард, ки бобо чӣ мегўяд, вале ў ҳарф назад.– Маро думоварди очаам гуфтанд... Ятим гуфтанд. Дар мулки бегона калон шудааст, гуфтанд...
Худам намедонам, ки ман кистам... Медонам, ки Фаёз, агар ў писари шумо бошад, маро писарам мегуфт...
Пирамард арақ кард. Ҳар қадар ки ў ҳарф занад, гумон мекард, ки қасдан мегўяд, то қасос ба қиёмат намонад. Бобо пур аидешид, арақи пешониашро пок кард ва гуфт:
— Вақти никоҳ маълум мешавад, ки писари кӣ ҳастӣ...

пешина
аз 279
навбатӣ