Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Мувофиқи фармуди бобои Наврўз як шаб пеш аз тўй онҳоро никоҳ карданд, то шаби никоҳро душманон дониста, банд наандозанд. Касе исбот накардааст, ки банд андохта шаҳу арўсро аз висоли ҳамдигар дошта бошанд, баъзан норасиҳои узвии инсон мардумро ба чунин иштибоҳ меандозад, ки гўё онҳоро пешбанд карда бошанд. Зани Намоз ҳам шаби тўй, ки аз никоҳ бехабар монда буд, дар ҳавлии пушт дар даст қуфлу калид гўш ба қимор буд, ки садои қубба хондани домуллоро шунида, калид гардонда, куфл кунад ва ҳаёти онҳоро талх гардонад. Касони ўро дар ин ҳол дида ба бобо хабар расониданд ва ўро аз ҳавлии иушт ронданд.
Занак баробари таҳдиди одамон қуфл ба рўд андохт, то наёбанд ва як умр дари бахти онҳо баста бошад..., ...Аммо касе чашм надошт, ки он шаб ин қадар ғалмағал мешавад. Замин кафида дар ҳавлии Мирзобадал одам рўида буд.
Зери айвонаш он қадар мардону ҷавонон ғун омада буданд, ки ба рост истодан ҷой наёфта, ҳамдигарро тела дода, аз марза зер меафканданд. Онҳо интизори омадани шаҳ буданд. Марди рўзгордида бобои Наврўз ба Ниёз хонда буд, ки ба ҳар эҳтимол ёрони чолоку пурқуввати худро ҳамроҳ биоварад, ки вақти аз болои пойандоз гузаштан ва баъди аз зери чодар баромадан ҳар гуна ҳодиса шуданаш мумкин аст.
Шаҳ омад, вале роҳ намеёфт, ки дарояд. Бобо пешопеш асо зада миёни одамон роҳрав сохт ва шаҳро миёна гирифта пеш бурданд.
Назди дар пойандоз дошта буданд. Бобо касони пойандоз доштаро медонист, вале дили онҳоро намедонист. Ба ҳар ҳол бобо пеш аз он ки шаҳ қадам гузошта аз рўи пойандоз гузарад, асо ба рўи пойандоз гузошт, то пойандозро пасттар доранд. Пойандоз паст шуд. Ниёз пой бардошта аз пойандоз гузаштанӣ буд, ки пойандоз якбора баланд шуд ва бобо «ҳаҳ!» гуфт. Яъқубу Раҷаб Ниёзро озод бардошта даруни дар гузоштанд. Вале Ниёз ҳис кард, ки касе домани ҷомаашро дошта кашид ва садои асои бобо баромад, ки ба дасте бархўрда буд. Шаҳ ҷониби чодари арўс мерафт. Хона пур-пури зан буд, ҳама ба Ниёз менигаристанд. Вай, ки гўшаи дастор зери лаб газида буд ва ба касе нигоҳ намекард ва тамоми диққаташ ба зери чодар банд буд, ғалмағали зери айвонро пай набурд. Занони хона гумон карданд, ки барои пойандоз мардон кашокаш доранд. Вале ғалоғула, ки зиёд шуд ба «чӣ гап-чӣ гап»- гўӣ даромаданд.
Ниёз медонист, ки зери чодар шудан лозим аст, аммо он тарафашро ба ў касе нагуфта буд. Сабзина, ки аз миёни занҳо ўро бештар медонист, аз китфи ў дошта ҳамроҳӣ кард, ки зери чодар дарорад. Аммо ҳамин вақт садое ба гўшаш омад: «Сабзина зери чодар надарояд!» Ин садоро ҳама шуниданд. Ниёз ҳам шунид.
Сабзина нашунида ангошт. Вале тоқаташ тоқ шуд. Садо гўшашро сўрох карда, ба мағзи сараш раоид, дилашро теғи тез барин чок кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо