Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Зеро ин ҳарф ба безурётии ў равона карда шуда буд.
Вай ин чизро медонист, ки зери чодар даромадани зани безурёт манъ аст. Боз аз рўи расму русум намехост, ки Ниёз, каси аз ҳама дўстдоштааш ҳам мисли вай бефарзанд бошад.
Ин чизро ба вай таъкид кардан шарт набуд. Вай ҳам медонист, ки зани нозо ва ё зани баччамур ба зери чодари арўсӣ намедароянд. Магар ин ҳарфро гуфтан шарт буд? Сабзина беруни чодар истод. Худаш истод. Барои сухани кадом каси беандеша не, худаш дидаю дониста бозистод, ки ба Ниёзи ширинаш, ба Ширбадани нозанинаш хушбахтӣ биоварад. Сабзина беруни чодар саропо арақ кард. Қатраҳои пешонааш дар шунаҳи хираи шамъҳои дар тобадонҳо гузошта ҷило дода, ҳаяҷони дили ўро фош мекарданд.
Ў сахт арақ кард, аз бемори табдори шўрбои тундхўрда ҳам зиёдтар арақ кард. Вале ба ин чиз эътибор намедод, вай бояд барои Ниёз хизмат бикунад. Ў медонад, ки ин замон зери чодари арўсӣ беҳтарин лаҳзаи умри одамӣ мегузарад: ба шаҳу арўс оина нишон медоданд, ки дар зиндагӣ оинаи якдигар бошанд, аз ҷомкоса шарбат мехўронданд, ки зиндагиашон ҳама умр ширин бошад. Ниёз ҳамин лаҳза пай бурд, ки беҳтарин чизе, ки дар умраш хўрдааст, ҳамин як қулт шарбат буд ва шояд барои як қулт буданаш ин қадар ширин тофта бошад. Ниёз ҳатто хаёл ҳам кард, ки ин лаззат ҳеҷ гоҳ аз даҳонаш намеравад... Магар ў аз шарбати шаби висол маст шуда буд, ки пахш кардани пои рости арўсро фаромўш кард. Ва ин чизро Ширбадан фаромўш накард, ў пои рости Ниёзро пахш кард. Агар гапи мардум рост бошад, акнун Ниёз як умр итоаткори Ширбадан хоҳад шуд. Ин кор Ниёзро ба худ овард, ба гўшаш расид, ки ҳоло ҳам дар берун мардум мағал доранд.
Ду зан, ки зери чодар расму русумро ба ҷо оварданд, бағали шаҳро аз кулчаҳои ширмол, қанду қурс, мағзу бодом пур карданд, то дар баромад ёру ҷўраҳо он чизҳоро аз бағали ў талошак карда гиранд ва ё ҳамроҳаш ба меҳмонхона рафта, бо ҳам бинанд ё худ ба нияти рўзи мурод он чизҳоро барои фарзандонашон баранд, ки онҳо ҳам ба чунин рўз расанд.
«Паси ту ман, паси ту ман, имрўз ту, пагоҳ ман!»
Садои кудакон меомад, ки нияту орзўяшопро ифода мекарданд.
Боз садои дигар омад, ки мухаммас мегуфт:
«Қадат дар нозукӣ шохи гули наврастаро монад.
Миёни ҳарду мижгонат даруни лоларо монад...»
Садои ба сақф бархўрдани тангаҳо омад. Тангаҳо ба сақф бархўрда, ба чодар зада болои сари шаҳу арўс мерехт. Хешон тангаафшонӣ мекарданд, занон танга мечиданд. Сабзина канори чодар меистод ва ба ягон чиз аҳамият намедод; барои кӣ чинад?
Дили пураш як Ниёз, ки муроди худи ў. Вале хаёли ўро чизи дигар парешон мекунад: дар берун мағал.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо