Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Мабод, ки ба сари Ниёз балое ояд. Сабзина як ба дар, ки мардон дамашро гирифта буданд, нигарист ва дилаш раг зад, ки чӣ гап бошад. Андеша кард, ки занҳоро яктарафа тела дода, тирезаро кушояд ва Ниёзро аз он ҷо барорад... Шишаи тиреза шикаста рехт ва Сабзина дид, ки паси тиреза пур-пури одам аст. «Не, ҳамту барояд» аз нигоҳи Сабзина рамуз гирифта ишора кард бобо. Сабзина аз ин ишораи бобо ҳайрон монд ва пеш омад. «Оҳиста ба ў фаҳмон, ки баробари аз дар баромадаи худро зеҳи девор гирад». Парешонии Сабзина ва авзои одамони Намозро пай бурда, фармуд бобо. Сабзина як ба занони хона ва мардони дами дар нигоҳ карда дар ваҷоҳати эшон парешонии худ ва парешонии боборо дарёфт, парешонтар шуд. Ва вақти аз зери чодар баромадани Ниёз Сабзина ба гўши ў гуфтаҳои боборо фичонд. Ниёзи зирак хавферо пай бурд, ки фаши дасторро газида, миёни занонро сархам гузашта, рў ба рўи бобо омад ва рост ба чашмони пуризтироби бобо нигарист. Бобо хирсона «Ҳуъ!» гуфт ва ишораи сар кард, ки ў худро зеҳи девор гирад. Баробари ин ишора мардони зеҳи девор истода дастҳо ба девор тира карда, мардумро пушт тела доданд ва якбора буни девору роҳрав холӣ шуд. «Тез!» садо кард Раҷаб ва се тан: Ниёзу Раҷабу Яъқуб мисли бод аз марза ба зер ҳавола хўрда ва бо ҳамон шаст ба кўча баромаданд, ки он ҷо як мағалест. Онҳо ба ғалмағал аҳамият надода гузаштанӣ буданд ва махсусан намехостанд, ки Ниёз аз ин моҷаро воқиф гардад. Вале кўбокўби ҷавонон, дашному ҳақорати онҳо нагузошт, ки Ниёз бепарво гузарад: «Як пойлучи беватан аз куҷо омада...» давоми суханаш зери садоҳо монд, вале боз садои нимшунавои дигаре ба гўш мерасид: «Ўро ман бояд мегирифтам... гаҳворабахши ман буд...» Ниёз сабаби моҷаро фаҳмид. Лаб зери дандон кашид, сахт фишор дод. Дар деҳаи Некон чӣ қадар ҷавонон талабгори Ширбадан буданд, чӣ қадар падару модарон мехостанд, ки Ширбадан аз дари хонаашон дарояд. Вале Ширбадан ба Ниёз насиб карда будааст...
Шаҳро ба меҳмонхонаи бобои Наврўз бурданд. Аз рўи одат дар чунин шабҳо: шабҳои чилланокӣ шаҳ ва ё арўсро дар хонае танҳо намегузоранд, ки париён ёр мегардад. Барои ҳамин Раҷабу Яъқуб ду-се мўйсафедро дар меҳмонхона ба Ниёз ҳамроҳ гузошта худашон ба тўйхона бозгаштанд. Онҳо баргаштанд, вале намедонистанд, ки дар меҳмонхонаи шиноси бобоӣ дили Ниёзро гургони андешаву хаёл тала мекунанд. Вақте ки онҳо ба тангкўчаи Мирзобадал омаданд, сади «ёр-ёр» баланд шуд. Онҳо донистанд, ки арўсро бароварда ба асп нишондаанд ва инак лаҷом мекашанд.
Вале машварати чанд тане, ки буни хона гирд омада, мегуфтанду мешуниданд, онҳоро ба ташвиш гузошт. «Натарсед, дарафтед, тавонед арўсро аз асп афтонед!» мегуфтанд. Раҷабу Яъқуб ҳайрон монданд... Сонӣ Раҷаб нархи сабзию пиёзро напурсида чунон асо ба санги девор зад, ки садояш аз садои тир кам набуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор