Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Он чанд тан мушҳо барин буни девор ҷафс шуданд ва баъд аз сиёсати Раҷабу Яъқуб тарсида канор рафтанд.
Аз тангкўча аспи сафед ёл афшонда намоён шуд. Амаки арўс Ҳаким ҷилав мекашид. Бародари арўс Аҳмад савори асп буд ва дар пушт Ширбаданро савор карда буд. Ва дигарон гирди аспро иҳота карда меомаданд.
«Арўса бурданд дашт ба дашт,
Якта заданд, чапа гашт».
Шўхона мехонд яке ва дигарон ёр-ёр мегуфтанд. Вале чунои ғалмағал ва талотум буд, ки кас дўсту душманро фарқ карда наметавонист. Раҷаб пешопеш роҳ тоза карда мерафт ва Яъқуб аз пас назора мекард, ки баногаҳ ягон нохалаф рафтори нохубе накунад.
Он чанд тани гушнамаст, ки кас намедонист бо фармуди кӣ чунин рафтор мекарданд, якбора ҷониби аспи арўс ҳамлавар шуданд.
«Баччаҳо, дур истед, ки дар ғазаби Раҷабу Яъқуб дучор нашавед!»
садо кард марде. Вале баччаҳои беадаб ва ё фармудаи ин кор пас нагаштанд. Ва ҳамин вақт дар охири танкўча чунон ғалмағал ва доду фарёд шуд, ки ба куштани касе ин қадар мағал намекунанд.
Танҳо пагоҳ барои Ширбадан маълум шуд, ки писарони тагои Намозаш додари ўро корд задаанд...
...Ширбаданро аз зери чодари падараш ба зери чодари бобояш бурданд. Хонае ки барои Ниёз омода сохта буданд, беҳтарин хонаи бобои Наврўз буд. Дар ин хонадон, ки зан набуд ва бобои Наврўз пирамарди занмурда ҳисоб меёфт, ҳамаи корҳои ин хонадонро, алалхусус дар рўзҳои тўй Сабзина сомон мекард: ҳам ба хизмати падаршўяш мерасид ва ҳам барои писараш Ниёз мекард ва фақат аз ҳаминаш бим дошт, ки баъди тамом шудани маросими тўи арўсӣ ба ҳавлиаш бар гардад, зани Намоз ба ў чӣ мегуфта бошад. Ҳар чӣ гўяд, гуфтан гирад, Сабзина ба муродаш расид ва ҳоло мехост, ки аз дасти арўс дошта гирди гулхан гардонад ва баъд зери чодари хонаи Ниёз дарорад, аммо медонист, ки ба ин кор ҳам ўро рухсат намедиҳанд... Бобои Наврўз арўсро ба ҷои падари Ниёз аз асп рўи даст гирифта фаровард. Ба замин фароварда сарашро сила кард. Сонӣ кампири бафайзи гузар Зевари машҳур, ки зиёда аз чиҳил набераю абера дорад, аз дасти арўс дошта, гирди гулхан гардонд. Дар шаби тор оташ забоиа мезад, гули оташ ба ҳар сў мепарид, бўи ҳезуми бурс меомад. Ва садои чарс-чарси сўхтанаш оҳангеро мемонд, ки махсусан барои шаби арўсӣ менавохта бошанд. Чарс-чарси он садои зарби нохуни навозандаи мумтозро мемонд. Ва ба «ёр-ёр»-и ҷавонон ҷўр мешуд... Арўсро гирди оташ се давр гардонданд, то резатарин гуноҳаш сўхта, ба хонаи шаҳ пок дарояд, ба ин хонадон покӣ орад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор