Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Арўсро бурданд. Беруни дар пойандоз партофтанд, вале даруни дар қурбоние буд. Сабзина пеши пои арўс худро қурбон карда буд. Касе ўро дар ин кор талқин накарда буд, касе ўро аз ин роҳ бознадошт, зеро на ҳар «дилсўз» пеши пои касе қурбон шуда метавонад. Арўс мехост, ки хам шуда ин занаки берўзии поктинат, некхоҳ ва гапшунавро аз замин бардорад; бештар барои он ки бо овози баланд ўро ба таги чодари арўсӣ надарояд, гуфта буданд ва Ширбадан ин садоро шунида буд ва мехост, ки барои ин зани берўзӣ хидмате карда ин аламро аз дилаш барорад. Вале ду зане, ки аз ду тараф ўро дошта мебурданд, намегузоштанд, ки арўс хам шавад. Арўс гиря мекард. Дилаш фарёд мезад: «Бардоред ўро, бардоред ин зани берўзиро, бардоред ин зани тўҳматзадаро!» вале касе фарёди дили ўро намешунид. Сурмае, ки имрўз ба чашми ў кашида буданд, ҳамроҳи ашкаш ба рухсори зебояш мешорид, вале зери чашмбанд касе ашки сиёҳи ўро намедид. Худи ў ҳам фаҳм накард, ки дар шаби мурод ашк рехтан хосият надорад...
Арўсро зери чодар карданд.
Миёни хона ҷогаҳ андохтанд, ҷогаҳи баланд. Сонӣ ду зани фарзанддори баиззат – яке ба ҷои марду дигаре ба ҷои зан ба ҷогаҳ даромада, хоб рафтанд. Гўё хобашон бурд ва баъди чанд муддат бедор шуда хобгузорӣ карданд: «Хоб дидам, ки худо ба шаҳу арўс як шоҳписаре додааст, ки як рўяш офтоб ва як рўяш моҳтоб, кокулаш заррин».
«Ман хоб дидам, ки дар ду гўшаи бом Офтобу Моҳтоб ба ҳам омадаанд. Иншооллоҳ, худо ба инҳо як шоҳдухтар медиҳад...» гуфт дигарӣ ва ҳама омин гуфта даст бодо карданд ва сонӣ бархеста рафтанд. Хона холӣ шуд. Зери чодар арўс буду доя. Ва ҳамин ки шаҳ ба хона даромад, доя низ аз хона баромад. Ҳамроҳи чанд нафар пушти дар шабро рўз кард.
...Шаҳ гумон накарда буд, ки имшаб ин қадар кўтоҳ мешавад.
Вай баъди бо Ширбадан танҳо мондан ва ба дидори якдигар расидан гумон накарда буд, ки имшаб рўз мешавад.
«Ё раб, ту калиди субҳ дар чоҳ андоз, То рўзи қиёмат нашавад рўз имшаб» мегуфт. Аммо шаб кўтоҳ омад. Ўро даъват карданд, ки барояд, субҳ наздик аст. Вале Ниёз намехост, ки барояд. Вай бовар намекард, ки як лаҳза бошад ҳам дигар аз Ширбадан ҷудо мешавад. Ҳамин вақт, маҳз ҳамин вақт ба ёдаш зад, ки барои он густохие, ки бо Ширбадан карда буд, узр хоҳад – барои он густохие, ки ба гапи мардум рафта бадани ўро луч карда хабар гирифт. Аммо вақти ин гапҳо набуд. Рафту ягон вақт худи Ширбадан ҳамчун одати занон гила кунад, ҳамон вақт Ниёз узрашро мегўяд.
Ниёзро бароварданд ва доя барои сар шустани Ширбадан даромад. Ширбадан зери чодар нишаста буд. Доя ҷогаҳро ғундошт ва дар зери равшании сапедадам дар пораи суфи сафед нишони бакорати арўсро дида шод гашт.

пешина
аз 279
навбатӣ