Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Ва сар аз дар берун карда, ба занони паси дар башорат дод. Ҳама хурсанд буданд. Дар кўҳистони тоҷик барои шаҳу арўс баландтар аз ин бахте нест.
Сабзина ба доя кўмак кард ва то вақти рўбинон ҳама корҳоро сомон карданд. Вақти чошт рўбинони арўс сар шуд. Занони маҳалла ва хешовандони дуру наздик барои рўбинони Ширбадан омаданд. Баъзеҳо фақат ба дидори арўс шод бошанд, иддае аз онҳо ба мулоҳиза ва кунҷковона ба арўс менигаристанд, ки ба вай чӣ тағйироте рўй дода бошад. Занҳои зирак ба пардаи чашми ў зеҳн мемонданд, ба ранги рўяш менигаристанд. Ширбадан аз шарм сар ба зер афканда, рўймолча сари дасти рост аз сари бинӣ медорад ва чашмони сиёҳаш дар муқоисаи рўи сафедаш боз зеботар метобад. Баъди рўбинон дар миёни занҳо овоза мешавад, ки чӣ арўси ширин ва ё чӣ арўси хунук...
Рўбинон тамом шуд. Бихалифа, ки зани қоматбаланди зебое буд, чодари арўсӣ бардошта, канори арўс рост истод ва ба гуфтор даромад.
— Арўс салом медиҳанд ба Фотимаи Заҳро!
Арўс таъзим мекунад ва дигарон ҷавоб мегўянд:
— Алек салом!
— Арўс салом медиҳанд ба бибию ба бобо!
— Алек салом.
— Арўс салом медиҳанд ба падару ба модар!
— Алек салом.
— Арўс салом медиҳанд ба ҷорўби паси дар!
— Алек салом.
Ва бихалифа ҳар чизе ки минбаъд хидмати арўс мешавад, ба «Саломнома» ҳамроҳ мекард.
Фориғи кор Ниёз боз ба назди арўс даромад ва ба ў таъкид ҳам карданд: «Мирзониёз, ҳушёр бош, арўсро танҳо нагузор, то чиллааш баромадана ва тавонӣ, як умр танҳо намон, ки ба ин хел арўс парӣ ёр шуданаш мумкин аст. Рафту парӣ ёр шавад, дигар Ширбадан туро дар наздаш роҳ намедиҳад...»
Ниёз ба ин гапҳо бовар намекард ва ў, ки дар шаҳрҳои дигар калон шудаю хонда буд, то андозае аз ин тариқ суханон огоҳ набуд ва парво ҳам намекард. Барои ин ҳарфҳо не, худаш намехост, ки Ширбаданро танҳо гузорад. Ширбадан низ ба ў чунон одат кард, ки ҳатто вақти танҳо ба танҳо хўрок хўрдан мехост, ки ба шавҳараш такя карда хўрок хўрад ва ё танаш ба танаш расида истад...
...Волии Киштўд Ниёз аввалин марде буд ба ному насабаш «ов»
гирифта. Вай на танҳо мард шуданашро ҳис мекард, на танҳо ҷавобгарии волигиро медонист, инчунин дар назди мардум қарздор будан ва дар дўш бори гарон доштанашро медонист. Ободонии кишварҳои дигарро дида буд ва як зайл андеша мекард, ки аз Ғузор то Киштўд бояд обод шавад; дер ё зуд бояд обод шавад ва барои ин мардумро бояд бедор ва ба дилашон гармие ҷо кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор