Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аввалин кори кардаи Ниёз ин буд, ки дар хирманҷои доманаи деҳаи Некон бозорҷо сохт. Ҳама шароити мардуми кўҳистон, дурии бозори Панҷакатро ба инобат гирифта, дар майдони чорроҳа бозорҷо сохт, то мардуми деҳоти атроф, ки аз ин чорсў гузар мекунанд, омада ва бозорӣ карда тавоианд. Минбаъд ҳар рўзи одина бояд ин ҷо бозор шавад ва мардум доштаашонро ба бозор бароранд ва надошташонро аз бозор харанд. Ин аввалин хидмати Ниёз буд ба мардуми музофот хушоянд. Ва баъди ин Ниёз масҷиде сохт ва ба он мувофиқи фармуди бобои маслиҳатгараш масҷиди одина ном ниҳод. Зеро ҳама, аз ҷумла пирон, ба бозор намеомаданд ва барои дилгармии эшон ин масҷидро сохт, ки ҷои маслиҳату машварат шавад. Ў аз афсонаҳо ва аз китобҳои хондаашу шунидааш дониста буд, ки хар касе ки ба сари кор ояд, корро аз ободонӣ сар мекунад.
Ин ободонии Ниёз, ки бозорҷою масҷид сохт, танҳо барои осон кардани кори бечорагон набуд, балки ин ҷойҳоро ба умеде обод мекард, ки рўзе ба дарди халқ ва ба дарди худи ў хўрад.
Нақшаҳое ки ў дар сар дошт, ба ҷуз худаш касе намедонист. Вай ҳамроҳи халқ будан мехост ва дарди онҳоро донистан мехост ва ба дороён таъкидҳо мекард, ки ба бечорагон ҷабр накунанд, қувваи эшонро ҳамчун зўри ҳайвон истифода набаранд. Ниёз ба дами табари дороён пахта ниҳод. Чунин «кирдорҳои» ў ба бойҳо хуш наомад ва онҳо Ниёзро «балои худо» ном гузоштанд. Ҳатто бобои пурдидааш аз корҳои вай огоҳ шуда «Ту чӣ кор мекунӣ, баччам?» гуфта пурсид ва огоҳ кард, ки дар ин бозӣ хатаре ҳаст.
Ниёз шаборўз андеша мекард ва тадбири кор меандешид ва яқин мекард, ки бо думи шер бозӣ мекунад. Акнун ў ҳар коре ки кунад, Ширбадан ва вазъу ҳоли ў пеши назараш буд ва фикр мекард, ки барои нозанини ширбаданаш нохуб нашавад; Ширбадан дуҷон шуд. Рафтораш ҳам вазнин, гуфтораш ҳам вазнин ва хатто хандааш вазнин буд. Ба назари Ниёз мерасид, ки агар вай каме чолокӣ кунад, андаке сахт шинаду хезад, хаёле баландтар хандад, ба тифли дар қадаш буда осебе мерасида бошад. Ин ҳам танҳо аз хотири он ки барои Ниёзи меҳрубонаш нохушӣ наорад, авзои ўро парешон накунад. «Дур нарав, ҷонам, зуд баргард, меҳрубонам» муомилаҳои Ширбадан бо Ниёз чунин буд. Намехост, ки ёраш соате аз наздаш дур бошад. Ин фақат барои меҳрубонии тану ҷон не, балки сабаби дигар низ дошт: Ширбадан дар байни ин қадар хушиҳо боз нохушиеро дарк мекард, ки ба гуфтан забонаш намегашт ва барои ҳамин доим ба шавҳараш таъкид мекард, ки дер намонад, танҳо нагардад, ҳушёр бошад. Ин чизро худи Ниёз равшан медонист ва барои ҳамин доим ўро ором мекард, ки осуда бошад, дунё оромист.
Фақат дар Урусия баъзе ошўбҳо мешавад, ки ин ҳам ба фоидаи бедории мардум аст.

пешина
аз 279
навбатӣ