Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бояд ҳамин хел шавад, бале, бояд ҳамин хел шавад, такрор мекард Ниёз, вале Ширбадан маънии гапҳои ўро хуб намефаҳмид, барои чӣ бояд ҳамин хел шавад...
...Дар дили Ниёз ҳаваси дидани дидори Равшанбой пайдо шуд ва хабар гирифтани ўро барои худ як навъ қарз ҳам донист. Барои ҳамин ҳамроҳи ёронаш ба дидани Равшанбой ба Панҷакат рафт. Ва ин сафари ў боз барои он буд, ки аз авзои мардуми доро – боёни ин водӣ огоҳ гардад. Донад, ки дар ҳаққи ў чӣ мегўянд: медонад, ки ягон гап бошад, Равшанбой ё ба тариқи маслиҳат ва ё таъкиду таҳдид мегўяд. Ку бинад, ки Равшанбой бо ў ҳамчун ба ятими даргоҳаш муомила мекунад ва ё муносибаташ дигар шудааст.
Ниёз ва ёрони ў савора мерафтанд. Кам воқеъ шудааст, ки чанд савор миёни шаҳрро ин зайл гузаранд. онҳо на ба яғмогар мемонанд ва на ба бузкашҳо; бе ягон таҳдид, бе ягон садо ва бе қилу қол ба роҳи худ мегузаранд. Танҳо сангфарши Дарвозаи Бухор, ки маркази шаҳр ба ҳисоб меравад, аз зарби наъли аспони онҳо садо медиҳад ва андаке ба гашти ҷонварон халал мерасонад. Ва албатта чунин рафтани чанд тан савор забони мардумро нахоронда наметавонад, дар ҳаққи онҳо чизе мебофанд, имрўз ё фардо матале пайдо мешавад. Вале саворон на ба боқимондаи лашкари шикастхўрда мемонданд ва на ба дастаи музаффар. Ва то кас надонад, ки онҳо кистанд, тахмини худро яқин карда наметавонад.
Ниёз дарвозаи берунро қуфл дида ҳайрон монд; ба бой чӣ шуда бошад, ки дарвозаи берунро қуфл задааст. Зеро вақтҳои дар ин даргоҳ будани ў ҳеҷ гоҳ чунин ҳолат рух назада буд. Дарвозаро мепўшиданд, вале қуфл намезаданд. Ў назди дарвозаи офтоб рангашро бардошта аспашро дошта гўш дод, ки чӣ садое меояд.
Хомўшӣ буд мисли мазор. Ў ба ҳамроҳонаш рў оварда китф дарҳам кашид. Ва ҳамин вақт аз дарун садои ба замин бархўрдани каланд омад. Ниёз аспашро паҳлўи дарвоза ронда, аз сари девор гардан ёзида, нигарист. Ҷавонписареро дид, ки каланд ба лойхона мезад.
Нашинохт. Зери охтахона нигарист, аспҳо набуданд. Дилаш таҳ зад. Сурфид. Ҷавонписар нигоҳ кард, дар сари девори баланд, сареро дида шах шуд.
— Эй бачча, бой ҳастанд? – ўро хидматгор дониста пурсид Ниёз.
— Не, як бой буд, ки рафт.
— Куҷо рафт?
— Касе намедонад...
— Дарвозаро кушо!
— Не. Дуздон меоянд.
— Кадом дуздон?
— Дуздони одамдузд, ки зану духтари бойро дуздида бурданд.
— Шўхӣ накун, бачча!

пешина
аз 279
навбатӣ