Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳа-а, шўхӣ не, рост. Барои ҳамин бой кўчида рафт...
Ниёз, ки аспаш як зайл кишна карда, ўро меҷунбонд, ба андеша рафт. Кайфаш парид. Ба сараш чӣ фикре омад, ки сари аспро гардонд ва ба ҳамраҳонаш ишора карда, ки лаҷом зананд... Ба ёдаш Маликбойи ғузорӣ зад...
Маликбой баробари дидани Ниёз худро хушнуд нишон дод ва баъди пурсу посух ба гила даромад: «Ман туро ба ҳамин умед назди Равшанбой бурда будам, ки хонда омада, одам шуда, бар зидди мо бароӣ?
— Чӣ хел ман бар зидди шумо баромадаам?
— Мегўянд, ки фикру зикрат зидди одамони обрўманд, – худро на доро, балки обрўманд хонда гуфт Маликбой.
— Дар ягон замон касе муқобили одамони обрўманд набуд, бойбобо. Лекин зидди касони нопок ва нохалаф буданд.
— Ҳушёр бош, хубро аз нохуб фарқ бикун, касу нокасро шинос ва фаромўш накун, ки ту ба ман фарзанд мешавӣ...
— Медонам, бойбобо, некиҳои шумо фаромўш намешавад,
– чӣ зайл ба ивази қарзаш ба Равшанбой пешкаш карданашро дар назар дошта гуфт Ниёз.– Лекин ман омадам, ки аз шумо пурсам:
аз аҳволи Равшанбой хабар доред ё не?
— Чӣ буд? – ба ҷои ҷавоб пурсид Маликбой.
— Хабаргирӣ рафтам, дарвозаашон қуфл. Мегўянд, ки кўчидаанд...
— Ҳа, кўчидааст, лекин сабабашро медонӣ, ки чист?
— Ҳамун писараки ношинос як гап гуфт, лекин бовар намекунам.
— Чӣ гуфт?
— Гўё зану духтарашонро дуздон...
— Медонӣ, ки он дуздон киҳоянд?
— Нагуфт, инашро нагуфт.
— Аз ту домангиранд, – бе мулоҳиза ва бе ягон огоҳӣ гуфт бой.
— Чӣ хел аз ман? – як қад парида пурсид Ниёз.
— Гўё вақтҳои дар даргоҳи ў буданат (махсус таъкид кард ў) бо зану духтари ў забон як карда будаӣ ва акнун, ки дасти дароз ёфтӣ, ба ин кор даст задаӣ.
— Шўхӣ накунед, бойбобо...
— Хайр, ба қавли ту ман шўхӣ мекунам, лекин мардум шўхӣ намекунанд-ку!
Ниёз пай бурд, ки ин бозӣ бозии оддӣ не, барои ҳамин ба андеша рафт. Барои ҳамин ба бой не, балки ба замин нигарист.
Агар кас ҳамин вақт қиёфаи бойро медид, пай мебурд, ки ў аз сайди ба дом афтодааш шодӣ мекунад. Дарун-дарун завқ мекард ў, вале қиёфаашро чунин мегирифт, ки ба воқеаи рухзада афсўс мехўрад ва бо Ниёз ҳамдард аст.

пешина
аз 279
навбатӣ