Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Ин дурўғро ки бофтааст? – ба танг омада пурсид Ниёз.
— Дурўғу ростии инро касе намедонад, вале миёни мардум овоза, – боварбахш гуфт Маликбой.
— Минбаъд кори мо ҳамин хел мешудааст-дия, – қасдан гуфт Ниёз.
— Чӣ хел? – аниқтар фаҳмиданӣ шуд бой.
— Роҳзанӣ, одамкушӣ, духтардуздӣ...
Маликбой, ки дар меҳмонхонааш бо Ниёз танҳо ба танҳо менишаст, пои чапаш дард кард, ки ковок шуда, ба пои рост вазн андохт ва гулў равшан кард. Мазмун, сухани гуфтанӣ намеёфт.
— Бойбобо, ба мо рухсат...
— Хуб.
...Бобо ба ў танҳо нагард, гуфта буд, аммо ў танҳо мегардад, қад-қади рўди Кўҳак танҳо – пиёда мегардад. Ба назар чизе ўро ба он сў тела медиҳад, худи об мебурдагӣ барин. Ҳамин чизро ҳис мекунад, аммо бознамеистад. «Куҷо меравӣ?» ба гўшаш расид, аммо ба атроф нигоҳ карда касеро надид. Истоду боз равон шуд, садоро такроран шунид. Як тори оташ танашро сила карда гузашт. Ниёз, ки аз кор кардану гаштан монда намешуд, ҳамин вақт лоғар тофт, мадораш гурехт, танашро арақ пахш кард, ў ҳеҷ гоҳ ба чунин ҳолат гирифтор нашуда буд. Рўи тахтасанги сиёҳ, ки рўди Кўҳак онро солҳои сол лесида лайс кардааст, нишаст.
Чашмаш афтод, ки он тарафтар селоб кундаи азимеро оварда ба соҳил андохтааст, ки он мисли искилет метобад ва аз чӣ рў мардум онро буридаву шикаста набурдаанд, тааҷҷубовар аст, шояд аз бими кўҳбонон бошад. Кунда рега-реға шудааст ва ба кадом дарахт нисбат доштани онро ҳам муайян кардан душвор, магар чанор, ки мардум сўхтанашро убол медонанд.
Садои бинӣ афшондани аспе ба гўш расид; базўр расид, зери садои рўд базўр шунида шуд ин овоз. Ниёз гардан ёзонда ба атроф нигарист, чизеро надид, сонӣ хеста зеҳн монд: поёнтар хаёле як сиёҳӣ намуду боз гум шуд. Дили ў бим кард, худро паси харсанг гирифт, моргазида аз ресмони ало метарсад. Боз садои бинӣ афшондани асп баромад, ки акнун равшан шунида мешуд. Сонӣ садои «чу!» гуфтани одамӣ баромад, саворон ҳам намоён шуданд.
Ба таҳҷоиён намемонданд. Яке дар сар кулоҳи хасин дошт, ки барои шамол напаронданаш аз ду ҷониб тасма пайваста, зери манаҳ гузаронда буд. Чубуқе дар даҳон дошт, ки дуд баровардан ва ё набароварданаш маълум набуд. Озод мерафтанд, хавфу биме надоштанд. Дар кўҳистон пайдо шудани чунин касон бесабаб набуд, Ниёз мақсади чунин касонро медонист ва муродашонро мефаҳмид; барои омўхтани ҷуғрофия ва расму русуми ин ҷойҳо меоянд онҳо, махсусан ба Кўҳистон, ки наомўхта аст. Саворон аз роҳи борик мерафтанд, ба обгузарҳо, ба шаххои сари роҳ ишора карда, байни худ гуфта мерафтанд. Ниёз худро ба онҳо нишон надод ва аз пасашон сўи хона баргашт ва вақти шиношини офтоб ба хона расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор