Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Куҷо будӣ, баччем? Оламро кофтанд, туро наёфтанд, – баъди гузордани намози аср пурсид бобо.– Раҷабу Яъқуб аз омада рафтана як чиз шуданд... Ҳа, аз намоз пеш як кас аз дарвоза садо кард, ки аз уезди Самарқанд касе омадааст, туро мепурсад. Дар хомаи Абдуллобой...
Вақте ки ба ҳавлии Абдуллобой расиданд, Раҷабу Яъқуб берун монданд ва Ниёз назди меҳмонон даромад. Меҳмонон касоне буданд, ки Ниёз дар қадоба дида буд.
Ҳавлии Абдуллобой болотар аз маҷрои рўд аст. Аз миёни ҳавлӣ ҷўй гузаронида, обашро боз ба рўд партов кардааст. Ниёз аввалин бор ба ин ҳавлӣ дохил шуд, вале ба он эътиборе надода гузашт ва ҳамин ки ба болохонаи бой даромад, бо меҳмонон салому вохўрдӣ карда нишаст ва ба сохту кандакорӣ – қабзафурўмонии меҳмонхона, кунгураҳои айвон нигарист, дарёфт, ки ин бино ба иморати Маликбойи ғузорӣ мемонад. «Хуш омадед, Мирзониёз!»
хаёли ўро пароканда кард Абдуллобой ва Ниёз нигарист, ки ў даст пеши бар аст.
— Мирзо Ниёз, – канда-канда аз як ном ду ном сохта, муроҷиат кард марди айнакдор, ки Ниёз дар роҳ хуб ба ў нигоҳ карда буд,
– ин кас аз Самарқанд, мо аз Россия. Ин марди тоҷик – намояндаи уезд, мо намояндаи Россия. Бино ба шунидам шумо русиро хуб медонед ва аз мардуми рус чизҳое омўхтаед ва мегўянд, ки омўхтаатонро амалӣ карданӣ ҳастед...
Ҳарчанд Абдуллобой чӣ гуфтани ўро намефаҳмид, дар миёни сухан сурфид. Ниёз маънии сурфаи ўро нафаҳмид, дигарон аҳамият надоданд, гўё канда-канда сурфидан одаташ бошад. Ниёз интизор буд, ки ин марди айнакӣ боз чӣ мегўяд. Вале ў андеша мекард ва акнун пай бурд, ки шояд сурфаи Абдуллобой маъние дошта бошад. Ниёз ба чашми савол сўи меҳмон нигарист.
— Ё ман нодуруст мегўям? – аз Ниёз пурсид ў.
— Шумо дуруст мегўед, – одоб карда ҷавоб дод Ниёз.
— Мо экспедитсия омадем. Таърифи урфу одати шуморо шунидаем. Пеш аз мо экспедитсияҳои зиёде будааст, хеле чизҳои хуб дарёфт кардаанд. Лекин ман ки мақсади шуморо шунидам, хеле хурсанд шудам. Ҳар кас дар бораи кишвари худаш шумо барин фикр кунад, дар рўи замин ҷаннат сохтан мумкин аст.
— Намефаҳмам, ҷавоб. Дар ҳақиқат ман дар сар фикри обод кардани ин мавзеъро дорам. Лекин фикр дар сари ману шумо аз куҷо медонед? Шумо валӣ-ку нестед? – сўҳбатро ба ҳазл гардонд Ниёз.
— Ман валӣ не, лекин бобом валӣ будаанд, – ҳазли Ниёзро фаҳмида гуфт меҳмон.– Шумо медонед, ки танҳо мо не, балки бисёр дунёдорони мамлакатҳои дигар ҳаваси дидани ин кишварро доранд.

пешина
аз 279
навбатӣ