Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Рост гуфтед, ҷаноб, дунёдорон ин ҳавасро доранд, лекин аз ҳаваси онҳо ба ин сарзамин чӣ фоида? Онҳо ҳеҷ гоҳ барои ободии ин манзил намекўшанд, балки дилхоҳашонро мегиранд. Ба мо ҳаваси онҳо лозим не, ба мо мададашон лозим аст...
— О-о-о, Мирзо Ниёз, о чём реч? Мағзи гап ҳам дар ҳамин.
Мо барои бурдани онҳо кафолат намедиҳем, дар ин хусус фикр ҳам намекунем. Фикри мо ҳамин, ки ҳар касе бо шумо шартнома бандад, бояд роҳ созад, конҳо кушояд.
— Не, ҷаноб, онҳо ёрӣ диҳанд, худамон ҳамаашро мекунем.
— О-о-о, Мирзо Ниёз, чӣ қадар шумо худбовар. Шумо ба ман маъқул. Мард бояд пешакӣ чӣ кор карданашро донад. Офарин!
Аз рўи гапатон ҳама кор аз дасти худатон меояд?
— Бале, ҷаноб!
— Пас, чиро интизоред? Сар кунед корро!
— Сар кардан осон, вале давом додан душвор...
— Чӣ монеъ мешавад? – ҷони гапро ёфтагӣ барин пурсид ҷаноб.
— Маблағ.
— Пас шартнома бубандед... Ҳамин хел не, мўҳтарам Ҳунтер?
– аввалин бор ба ҳамроҳаш рў оварда ва ўро низ ба ин баҳс ҳамроҳ карданӣ шуда гуфт ў.
— Оре-оре, ҷаноб! – забони сўҳбати ўро намефаҳмидагӣ барин кўтоҳ ҷавоб дод Ҳунтер.
— Агар лозим шавад, меёбем. Ҳамин хел не, мўҳтарам Ҳунтер?
— Оре-оре...
— Англис? Ҳинду? Чӣ хел кас? – гўё аз ҳама муҳимаш ҳамин бошад, пурсид Ниёз.
— Чаро англис? Чаро ҳинду? Магар аз Россия намехоҳед?
— Мехоҳам. Лекин чӣ лозим аст, ки як кишвари сахтҷони сангӣ ба ҳукумати подшоҳӣ ғулом бошад?
— Шумо гумон мекунед, ки англисхову ҳиндуҳо бароятон муфт хизмат мекунанд? Ҳиндувон низ дастнигари англисҳоянд. Дигар ин ки дар ин бозӣ ғуломӣ нест.
— Ҷаноби Буларгин, ба мо фармонкор лозим не, мададгор лозим.
Хизматгорони Абдуллобой табақҳои кабоб оварданд.
— Ҷаноби Буларгин, вазифаи экспедитсияи шумо аз чӣ иборат аст? Кори шумо ҳам ба мисли кори бешабонон нест?
— Ман кори бешабононро намедонам, лекин кори худамонро медонам, ки аз омўхтани шароит, расму русум ва урфу одати мардуми Кўҳистон иборат аст. Масалан нахўрдани шароб дар Кўҳистон.– Ин чизро Буларгин ҳазл карда гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор