Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Дар Кўҳистон шароб мехўранд, ҷаноб. Фақат дар хонаи муллою бою эшон намехўранд.– Ниёз низ маънидор гуфт ва Буларгин сухани ўро дигар паҳлў гардонд:
— Яъне, онҳое, ки доранд, намехўранд?
— Бале, ҷаноб! Ҳар кас, ки дорад, намехўрад, касе ки надорад, хаваси хўрдан мекунад.
Ниёз диққатро аз мусоҳиб канд ва ба табақ рў овард, сонӣ ба Абдуллобой нигарист. Як чизро пай бурд, ки чаро ҳамаи бойҳо ба ҳамдигар монанд; пурраи муғулсурат, ба назар ҷоҳил, каммағз ва худбовар. Як навъ ҳокимият ҳам доранд, амру фармон доданро дўст медоранд ва фикрашон, ки дунё абаду-д-даҳр хамин хел сохта шудааст; аз они зўр аст ва дигар шуданаш амри муҳол аст. Шуду аз дигаргуниҳои дунё ҳарфе шавад, гиребон медоранд ва рў ба осмон меоранд, ки ба парвардигор чӣ шуда бошад... «Меҳмононро чӣ нисбатест бо бой?»
Таги дили Ниёз сиёҳӣ баровард. Ба назари ў, ки дар пушти боғи Абдуллобой ва қад-қади ҷўи ҳавлиаш касони ношинос ҷониби ў теғ кашида, гузар мекунанд, ки аз чашмонашои оташ меборад.
Номаълум аз тиреза берун нигарист. Торик. Мардумони сияҳпўши ношиноси пушти боғ зиёдтар мешуданд ва гўё ки пояшон ба замин намерасида бошад, шабаҳсурат муаллақ мерафтанд; мерафтанду даруни кони ангишт ғайб мезаданд. Кони ангишт низ аз будаш зиёд чунон тўлонӣ менамуд, ки онҳо ба рафтаи мерафтанду баргаштанашон маълум набуд. Некони афсонавӣ хаёлӣ метофт. Гўё замин ҳам, кўҳҳо ҳам муаллақ буданд. Ҳатто ҳамон суратҳои сиёҳ даруни нақби торик медароянду дуртар рафта ба олами равшан мерасанд. Ў як лаҳза дар худ фурў рафт ва пеши назараш омад, ки аз фарози Ховаркўҳ то шаҳри Панҷакат низ ҳамин тавр роҳи ҳавоӣ пайдо шуд, ки мардуми деҳаи Некон дар каҷоваҳо нишаста то шаҳр рафта меомаданд. Ба гўшаш як садо ҳам даромад; садои Раҷаб барин, ки ҳамроҳи Яъқуб суратҳои сиёҳи пушти боқ мондаро меронд ва касони бегонаи бадҳайбатро як-як ба наҳр меафканд.
Меҳмон ба чубуқаш оташ гиронд ва Ниёзро ба худ овард.
— Бой-амак, иҷозат намедиҳед, ки хезам, – ба гўшу ҳушаш бовар накарда пурсид Ниёз ва сонӣ ба меҳмонҳо рў овард:– меҳмонҳо аз роҳи дур омаданд, истироҳат кунанд.
— Не-не! Парво накунед, – ҷавоб дод ҷаноби Буларгин, ки гўё ба тоҷикӣ харф задани онҳоро пурра фаҳмида бошад.– Мирзо Ниёз! – муроҷиат кард ў, – Шумо парешон хастед, ягон ташвиш доред?
— Ташвиш надорам, ҷаноб, завҷаам дар хона танҳост.
— Ҳа-а... Дилтанг будаед, Мирзо Ниёз, мо зану фарзандонамонро ба ҳоли худ гузошта омадем ва намедонем, ки кай ба дидори онҳо мерасем. Шумо аз оғўшаш дур нарафта, ин қадар парешон мешавед. Шояд ин як навъ муҳаббат ҳам бошад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор