Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Ниёз табассум кард.
Меҳмонон низ хестани Ниёзро баҳона карда пойҳои ба шиштани заминӣ одат накардаашонро рост карданӣ шуда хестанд. Ниёз баъди Абдуллобой аз дар баромад. Он чизе ки лаҳзае пеш дар назараш метофт, ҳоло наменамуд. Берун ба зайле ки ў пиндошта буд, торик набуд. Моҳ аз паси Ховаркўҳ сар мекашид, ситораҳо медурахшиданд, аз баъзе тирезаҳо шунаҳи чароғ метофт. Оби ҷўи миёни ҳавлӣ бо оҳанги аҷибе ҷорӣ мешуд. Паси боғ ором буд.
Ниёз хайрухуш карда аз дарвоза баромад ва ду-се қадам дур рафта сурфид ва дар ҷавоб касе аз буни девор сурфид. Ниёз аз сурфааш шинохт, ки ў Раҷаб аст.
...Ниёз хуши беруни дарвоза баромадан надошт. Чизеро, хабареро ва ё садоеро мунтазир буд, ки баҳона шаваду аз ҳавлӣ барояд.
Абдуллобой ба чой даъват карда буд, нарафт. Барои меҳмононро аз ҳар ҷиҳат таъмину саришта кардан ҳам нарафт. Гўё ба Абдуллобой ва меҳмонон фаҳмонидан мехост, ки ба онҳо сарукор доштанро намехоҳад, онҳо касони дилхоҳи эшон нестанд... Ва боз интизор набуд, ки бобои маслиҳатгараш ба чунин аҳвол бармегардад: сархам ва хеле хафа. Чунон хафа, ки ба остонаи дарвозахона дакка хўрдани асояшро пай намебарад. Ў ба Ниёз нигоҳ накард, ба Ширбадан чизе нагуфт. Ва ба ҷои он ки рўи кат нишаста дам гирад, хона даромад, дарро пўшид ва пушт ба девор такя дода нишаст. Сонӣ сарашро ҳам пушт бурда ба девор соиш дод.
Ниёз аз ин ҳолати бобо чизе пай набурд. Сўи Сабзина нигарист. Ширбадан аз тиреза берун нигариста, аз Ниёз пурсид:
«Чӣ, бо Маҳтоб ягон кор шудааст?» Ниёз китф дарҳам кашид ва назди Сабзина омада пурсид: «Оча, ба Маҳтоб ёр шудани париро ба Ширбадан гуфтед?», «Не, баччем, чӣ, ман ақламро хўрдаам?»
«Набошад ў аз куҷо медонад?». «Очааш омада буд, хоҳаронаш омада буданд...»
Ниёз бори дигар имон овард, ки Сабзина занаки бафаҳм аст.
На бади касеро мегўяд ва на ба касе дили бад дорад. Он қадар ки хонадони Намоз дар ҳаққи ў кард, дигар кас бошад, сари суханаш дашноми онҳо мешавад, вале Сабзинаро забон намегардад, ки бади онҳоро гўяд. Барои некдилиаш, барои хубиаш, барои раҳимию нармдилиаш худо ба ў ҳамин хел мукофот додааст, ки азоб кашад, фарзанди дигареро аз они худ хонад, аз касу нокас ҳарфхои пасту баланд шунавад.
— Сабзина, ҳў Сабзина! – аз даруни хонаи дарбаста садо кард бобо.
— Лаббай, муллобобо! – тохта ба дар рафт Сабзина.
— Ниёз чӣ мегўяд? – аз дарун пурсид бобо.
— Ба бобом чӣ шуда бошад мегўяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор