Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳеҷ чиз... Даро!.. Аҳволи Маҳтоб бад, – баъди дарро кушода даромадани Сабзина гуфт бобо.– Рўю мўяшро кандааст. Ба хонаи отеш бурдаанд. Боз ором не.
— Ман рафта ором карда натавонам, ки...
— Лозим не. Фақат кўшиш бикун, ки Ширбадан ягон чиз нафаҳмад. Умрашон дароз бод ин набераҳоро, ки ба сари ман бало оварданд. Мирзониёз аз ин сирр огаҳ аст?
— Огаҳ нест, лекин аз авзои шумо парешон аст.
— Бигў назди ман ояд...
Сабзина баромада Ниёзро, ки лаби кат пойҳояшро кашол карда менишаст, гуфт, ки назди бобо дарояд. Ниёз аввал андеша кард, сонӣ назди бобо даромада мисли итоаткорон рост истод. Кас гумон намекард, ки Ниёз волии Киштўд аст. Вай мисли гунаҳгор назди бобо меистад ва набера буданашро фаромўш накардааст.
Ва ин чиз аз рўзе дар дилу нияти Ниёз пайдо шудааст, ки бобо ўро ба наберагӣ шинохтааст.
— Мирзониёз, имрўз чӣ корҳо дорӣ? – тамоман чизи дигар пурсид бобо.
— Абдуллобой ба чой хонда буд, нарафтам. Дигар коре надорам.
Бобо ба андеша рафт. Мулоҳизае дошт, чизе гуфтанӣ буд, вале гуфта наметавонист. «Ҳумм!» гуфта масъалаеро барои худ пеш овард ва боз сар ба зер афканд.
— Як масъала буд, бобо! – ўро аз банди душворӣ раҳо карданӣ шуд Ниёз.
Бобо сухан накард, вале ба маънии «Хўш, гап зан!» ҷониби ў нигарист.
«Бобои Наврўз! Ҳў бобои Наврўз!» аз таги дарвозахона садое омад.
«Ҳу-у-у!» ҷавоб гардонда баромад Сабзина.
«Бобои Наврўзу амаки Мирзониёз хонаи бобои Абдуллобоям мерафтаанд», – овоз дод ҷавонписар ва магар ҷавоби ҳаю неяшро гирифтан буд, ки аз дарвоза дур намерафт. «Хуб писарҷон, ман мегўям», садои Сабзина буд.
— Не, бобом гуфтанд, ки ҷавоби ҳаю неяшро биёр
— Ба бобот бигўй, ки ҳозир меоянд, – сар аз тиреза берун карда ҷавоб дод бобои Наврўз.
«Ха-а!» гуфт писарак ва баргашта рафт.
— Ин баччаяка бине, як резгӣ ҷонаш катӣ гапаша бин, – гиребои дошта гуфт бобо ва ба Ниёз рў овард: – Ту равӣ-чӣ, Мирзониёз.
— Шумо равед, меравам, танҳо поям намекашад.
— Чаро инту?
— Гапҳои Абдуллобой, рафторҳои ў намефорад. Рост ба чашми кас нигоҳ карда гапашро намегўяд. Дуздида менигарад. Гўё ман дузду вай рамузгир.

пешина
аз 279
навбатӣ