Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳис мекунам, ки дилу нияташ нек не. Гумонам, ҳамин ҷеғ заданаш ҳам бемақсад набудагӣ барин.
— Мушоҳидаат бад не, баччем. Мақсад намедошт, ҷеғ ҳам намезад. Лекин кори одами зирак рафта ҳамин ниятро фаҳмидан аст. Одам ҳеҷ гоҳ аз дўсту душман матлаб намепурсад. Вале аз сухан муроду мақсади ўро пай бурдан душвор не. Диққат кунӣ, пай мебарӣ, ки он кас туро дар чоҳ меандозад ва ё аз чоҳ мекашад... Кам касоне ёфт мешаванд, ки бетамаъ ва ё бесабаб дасти салом дароз кунанд... Ба ҳар чиз кунҷкоб бояд буд; ба тарзе ки касе пай набарад. Мегўӣ, ки Абдуллобой каҷ нигоҳ мекунад, вале бин, ки боз ба хонааш мехонад. Ин чӣ маънӣ дорад? Намефаҳмӣ.
Сипоҳӣ, мегўиву мемонӣ. Вале ў фикр мекунад, ки душманро ба шакар куштаанд. Ў ба ману ту дўст ё душман, худаш медонад.
Нияташро ҳам худаш медонад. Вале бин, ки пеш аз ҳама ҳаққи намак мекунад. Ин андак гап не. Нону намак хўрдан қарздори якумра шудан аст. Намак хўрдӣ, намакдонро андеша бикун. Гапи андак не-а? Андак не. Дунё аслаш як китоб гап. Лекин онро ҳар кас ба ҳар сў мекашад, ҳар кас ба тарзи худ шарху эзоҳ медиҳад ва мебинӣ, ки китоб-китоб гап шудааст...
Бобо гуфт-гуфту хомўш монд. ки Ниёз мулоҳизаашро мегўяд.
Вале Ниёз сархам дар андешаҳои худ банд буд, ки гўё суханони бобо аслан ба гўши ў намедаромада бошанд. Вале ў ҳама суханони боборо мешунид ва мулоҳизаю таҳлил мекард, ки чӣ хел ҳарфҳои ў ба рафторҳои бой мечаспанд. Вай рафторҳои шабинаи Абдуллобойро пеши назар меовард ва аз рўи гуфтаҳои бобо муқоиса мекард. «Рафтем» гуфта бархест. Ва раҳораҳ андеша мекард, ки чаро Ниёз ўро душман медонад. «Чӣ хел ў ба вай душман?» қадам боз дошта аз Ниёз пурсид бобо.
— Душманиашро намедонам, лекин дилам гувоҳӣ медиҳад...
Бобо чизе нагуфт ва дар дил қарор кард, ки наберааш заррае авлиёӣ низ дорад...
... – Мулло Надир, – ба тарҷумони самарқандӣ рў овард бой,
– ба меҳмони мўҳтарам фаҳмонед, ки мулло Наврўз ҳамин одам ҳастанд. Дар ҳаққи ин кас ба меҳмонон бисёр гуфтем. Ба назарам, номашонро шунаванд, кифоя, – аз тарҷумон хоҳиш кард Абдуллобой, вале тоқат накарда, худаш ба шинос кардан пардохт: «Мулло Наврўз, изнай?»
Бархестани Абдуллобой ва Надири самарқандиро дида меҳмонон низ ба по шуданд. Буларгин ба саволи Абдуллобой «Дада-да, конечно» гуфта ҷавоб дод ва даст ёзида бо бобою набера вохўрӣ кард.
Буларгин, ки пеш аз ин ба Осиёи Миёна сафарҳо карда расму русум, таомул ва одати ин мардумро омўхта ва чанд калимаи тоҷикию туркӣ ёд гирифтааст, ба пурсиши бобо «якшӣ-якшӣ»
гуфта ҷавоб дод. Ва баъди нишастан пеш аз он ки бобо даст ба дуо бардорад, ў даст кушода «Амин!»

пешина
аз 279
навбатӣ