Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гуфт. Бобо ҳайрон буд, ки вай ин расмро аз куҷо медонад, вале таъхир накарда, даст ба дуо бардошта ба рўй кашид. Ў хуб медонад, ки ин одат аст: мардуми Осиёи Миёна баъди шиштан даст набардорад ва пеш аз хестан дар ҳаққи дастархону дастархондор дуо накунад, дар рўзгораш чизе намерасидагӣ барин; гўё ҳар кор бе ҳамин чиз нимкора мемоида бошад.
— Марҳабо, марҳабо! – даст сўи дастархон ишора мекунад бой.
Ниёз дар тааҷҷуб, ки бой ба ҷуз ин ҳарф ягон чизи дигар медонад ё не ва ба бобо менигарад, ки аз дастархон чизе бигирад. Бобо дароз шуда як бурда нон гирифт ва андаке аз лаби он шикаста ба даҳон андохт ва аз сабаби набудани дандон комакӣ кардан гирифт.
Магар Абдуллобой ин вазъро медонист, ки ҳар дам ё месурфид ва ё меҳмононро ба хўрдан даъват мекард.
— Нағз хоб кардед, Мирзо Ниёз? – магар хомўшӣ нафорид, ки пурсид Буларгин.
— Нағз. Шумо чӣ хел хоб кардед?
— Аъло. Шаби дароз садои рўд алла гуфт, бой хоб накарданд.
— Ин ҳам одати тоҷикӣ. Дар хонаашон меҳмон ояд, то гусел кардан хобашон намебарад. Шабҳо то ба саҳар дар танўр кулчаю фатирча мепазанд, – ба дастархон нигариста гуфт Ниёз.
— Марҳабо, марҳабо! – гапи медонистагиашро такрор кард бой.
— Ташаккур, пур хўрдем. Акнун падар гиранд, Мирзо Ниёз гиранд. Сонӣ ба мо маслиҳат диҳанд, ки чӣ кор кунем.
— Меҳмон мегўянд, ки ба дастархон нигоҳ кунанд ва баъд ба мо маслиҳат диҳанд, ки чӣ кор кунем?
— Чӣ хел маслиҳат? – на ба меҳмон, балки ба Ниёз рў овард бобо.
— Чӣ маслиҳат? – ба Буларгин муроҷиат кард Ниёз.
— Маслиҳати кор. Куҷо равем, чӣ кор кунем, бо кӣ вохўрем?
— Куҷо раванд, чӣ кор кунанд, бо кӣ во хўранд?
— Ман аз куҷо донам?
— Бобо мегўянд, ки ба ҷону дил, лекин худи корро намефаҳмам, ки чӣ кор аст.
— Якши бабай, – ин дафъа ба худи бобо нигоҳ карда гап зад меҳмон. Ва ҳамин вақт магар меҳмони самарқандӣ дигар хел тарҷума кардани Ниёзро ба Буларгин фаҳмонданӣ буд, ки сурфид.– Ба мо ҷойҳои якшӣ, одамони доно, қиссагўй, саргузаштҳои одамон ва ҳама чизе, ки ба Кўҳистон хос бошад, лозим аст; беша, кон...
— Инҳо дар бораи кўҳистопу кўҳистониён, боигарии он ҳама чизро донистан мехостаанд.

пешина
аз 279
навбатӣ